33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Дар «Шоҳнома» ва дигар асарҳои гузаштагон фар чунин номҳоро бо худ мегирад: фарри Эзадӣ, фарри подшоҳӣ, фарри кайӣ, нури Илоҳӣ, фарри Яздонӣ, фарри шоҳаншаҳӣ. Номҳои зиёди тоҷикона низ аз фар пайдоиш доранд: Фаридун (фарри дунё), Фарибурз (аз фар ва бурзу болову қувват), Фарангис (ангезандаи фар), фарҳанг (аз нур ва қувва), Фархор (нури офтоб), Фаромарз ва ғ.
Хулоса, вожаи фар тадқиқоти мукаммалеро хостор аст.
Дар баёни Нури он ҳазрат (с)
Ҳадиси саҳеҳи он ҳазрат (с) аст, ки «Аввала мо халақаллоҳу Нури» - аввал чизе, ки Худо офарид, нури ман буд. муаллифи асари маъруф «Меъроҷуннубувват» рукни бузургеро, ки аз ҳашт боб иборат аст, ба шарҳи ин ҳадис бахшидааст. Ва ин байтро оварда:
Он дам, ки хона бар сари кўйи ту сохтам, Одам ҳанўз маҳрами хулди барин набуд.
Он дам, ки мо ба бори амонат даромадем, Ҷибрийл дар хизонаи раҳмат амин набуд.
Ва он нур ба саҷда амр шуд. Муддати сад соли ин ҷаҳонӣ, ки аз сесаду шаст рўз ва ҳар рўзе ҳазор соли ин ҷаҳон бошад, дар он саҷда таваққуф фармуд.
Ва баъд аз он нур ҷавҳаре биёфарид ва онро ба даҳ қисм мунқасим гардонид ва аз он қисмҳо аршу курсиву лавҳу қалам ва замину осмонҳоро ба вуҷуд овард. Хулоса, шарҳи он нур басо зиёд аст, ки ин ҷо мухтасар кардем.
Дар Қуръони азимушшаън сураи «Нур» аст. Ибтидои ин сура дар бораи занону мардони зинокор ва ҳукм бар онҳост ва занони поку порсо ва тўҳмати ноҳақ бар онҳо мебошад. Ва ин бесабаб нест. Дар поён шарҳ хоҳем дод.
«Худованд нури осмонҳо ва замин аст» ва дар охири ҳамин оят гуфта мешавад, ки «ҳидоят мекунад Худо ба нури худ ҳар киро, ки хоҳад ва баён мекунад Худо достону масалҳоро барои мардум. Ва Худованд бар ҳар чиз доност» (Сураи Нур, ояти 35).
Дар охир гуфтанием, ки ҳар ки некўкору парҳезгор аст, новобаста аз ранги пўсташ нуре дар чеҳра дорад, ки он нури Илоҳист. Ва аммо онҳое, ки бадкору бадроҳу зинокоранд, чуноне ки дар аввали сураи Нур зикрашон рафта, аз ин Нур бебаҳраанд.
Барҳақ, шоир Ашур Сафар (р) гуфта:
Бегунаҳӣ ба рўи кас Нури Муҳаммад оварад, Хок ба сар кунам, ки ин ба ҷои мо намешавад.
Қарзи Худо ба гарданам беш бувад зи мўи сар, Ҳайф, ки мурда меравам, қарз адо намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё