Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барорандаи меҳру кайвону нур,
Нигорандаи фарру дайҳиму зўр (ҷ.4,саҳ.213).
Ва касе соҳиби тахти подшоҳӣ мешавад, ки Худо ба ў фарр ва баъд ақлу ҳуш дода бошад:
Касеро диҳад тахту шоҳӣ Худой,
Ки бо фарру бурз асту бо ҳушу рой (ҷ3, с.352).
Дар «Шоҳнома» ду подшоҳ аст, ки аз фар ҷудо мешаванд. Ин ҷудошавӣ аз фар ба парокандагии давлат ва барҳамхўрии он оварда мерасонад. Яке шоҳ Ҷамшед, дигаре Кайковус аст, ки ҳар ду ҳам гуноҳи бузурге содир намуда, аз ин гавҳари қимат ҷудо мешаванд.
Шоҳ Ҷамшед нуре дошт, ки чун офтоб медурахшид. Дар арафаи Наврўз бар тахти парвозӣ савор шудану ҷоми сеҳрнокро чун телевизор тамошо кардан дар байни халқ машҳур аст. Берунӣ қайд мекунад, ки вақте шоҳ Ҷамшед бар тахт бар осмон баромад, мардум баромадани ду офтобро дида, ҳайратзада шуданд. Яъне фарри Ҷамшед чун нури офтоб буд, то даме, ки Худоро мешинохт. Чун худро Худо эълон кард, фарри эзадӣ аз ў бурида гашт. Мардум аз ў рўй бигардониданд, давлат пароканда шуд. То ин ки Худованд Заҳоки моронро бар ў гумошт ва мулк аз дасти Ҷамшед берун гашт:
Ба Ҷамшед-бар тирагун гашт рўз, Ҳамекост з-ў фарри гетифурўз (ҷ.1с.67).
Баъд пушаймон шуд, ки дигар дер шуда буд.
Кайковус низ ба макри иблис гирифтор шуда, тавассути каргасон ба осмон рафт, то фатҳи осмон кунад. Аз он ҷо ба бешаи Чин афтод.
Ин идея аз қиссаи Намруди лаин гирифта шудааст, ки айнан бо ҳамин роҳ мехост бо Худо ҷанг кунад ва тире ба сўи осмон низ андохта буд.
Дар «Қасасуланбиё» омадааст, ки Намруди лаин ҳамин Кайковус буд.
Дар шоҳасар ин қисса он қадар муассир аст, ки тамоми мардум бурида шудани фарри Ковусро мебинанд ва мегўянд, ки Кайковус дигар подшоҳӣ карда наметавонад, зеро ў фарри Эзадӣ надорад:
Чу Ковус шуд бедилу тирасар,
Биафтод аз ў ному фарру ҳунар.
Ё:
Ки Ковус бефарру бепарру пой,
Нишаста бари тахт бераҳнамой (ҷ3, с. 284).
Дар саросари адабиёти классикӣ фар нур, шукуҳи махсуси шахс маҳсуб шуда, дар тавсифи шоирону нависандагон қарор дошт. Ба ёд биёрем нури Одам (с), Юсуфи моҳталъату Нури Муҳаммад (с)-ро.
Одам алайҳиссалом нуре дошт, ки баъди сари ў он нур ба тамоми одамони рўи замин тақсим шуд. Мегўянд сеяки ин нур дар Юсуф буд ва боқӣ дар тамоми рўи одамони дигар. Ҳатто дар тасвири рассомони ғарбӣ рўи Исо (с) ва дигар расмҳои шахсони муқаддас (иконаҳо) бо нури махсус (нимба) оро ёфта, аз шахсони муқаррарӣ фарқ гузошта мешуд.

пешина
аз 161
навбатӣ