33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданАрабҳо барои ист асосан аз ҳарфҳо (дар шакли пурраи ҳарф) ва ҳиҷоҳо истифода кардаанд. Ин ҳарфҳои мим - م, ҷим - ج, итқе - ط, зол
- ذ, зе - ز лигатураи лому алиф - ע ва ғайра мебошад.
Баъзан танҳо доирачаро оварда, дар болояш ягон ҳарфе намегузоштанд, ки ин маънои итмоми оят ва исти батафсилро дорад.
Баёни румузи авқоф
Дар охири баъзе Қуръонҳо шарҳи ин авқоф, ҳарфҳо чунин оварда шудааст:
ע (ломалиф) – вақф нест, яъне дар охири ҷумла ё оят бошад, ист лозим нест. Агар қорӣ мабодо ист кунад, иъодаи қироат лозим мешавад. Агар дар сари оят набошад.
ط (итқе) – вақфи мутлақ, яъне ист ҳатмист.
م (мим) – вақфи лозим, яъне ист кардан даркор аст.
ج (ҷим) – вақфи ҷоизи тарафайн, яъне ист кунад ё накунад ҷоиз аст.
ص (сод) – вақфи мураххас, яъне ист рухсат дода шудааст.
ز (зе) – вақфи маҷуз, яъне вақф иҷоза аст.
Чунин аломатҳо зиёданд. Баъзан калима ё ибораеро аз ду тараф бо се нуқтаии калон ишора мегузоштанд, ки мисли огоҳӣ ̈́ ___ ̈́ ба назар мерасид, яъне дар аввалӣ ист нест, дар дуввумӣ ист аст.
Иқрор бояд шуд, ки гузаштагони мо авқофро танҳо дар ояту ҳадисҳо ба кор мебурданд. Ҳангоми офаридани асарҳои бадеӣ, илмӣ, тазкираҳо ва ғайра баъзе ишораҳои махсус ҷо барои нишон додани сархат, исти мутлақ ва ғайра доштанд. Масалан, дар баъзе матнҳо чунин аломатҳо итмоми фикр, оғози ҷузъ ё огоҳии саҷдаро мефаҳмонд: ٭ ♠ ۩ . Ё ки барои ифодаи сархат калимаи аввалро бо ранги сурх ё сиёҳтар карда нишон медоданд.
Аломати мадда ( ˜ ) барои дароз кашидани садонокҳо меомад.
Онро дар мавридҳои гуногун мегузоштанд. Масалан пеш аз аломати ҳамза, ки чун сактаи сабук шинохта шудааст, аломати моршакли мадда меомад. Чунончи: ٔ῀ﺎﻣﺳﻭ – вассамои…
«Ло» калимаест, ки ҷаҳонро тағйир дод Ломалиф (ﻻ) ҳарфгунаест, ки онро лигатура низ номидаанд. Он дар баробари ду ҳарф будан калима низ ҳаст, ки маънояш не ё нест мебошад. Дар зикри аъроб ё умуман мусалмонон ло муқаддас ҳисобида мешавад. Чаро ки он ибтидои калимаи тавҳид аст. Оғоз шудани калимаи аввали мусалмонӣ - калимаи Тайиба бо «ло» (яъне не), ки инкорро ифода мекунад, ҳикмати худро дорад. Дар замони ҷоҳилия дар Макка бутҳои зиёде буданд, ки ҳар яке ном доштанд.
Мисли лоту ҳубал ва ғ. Ҳатто ҳар шахс худои худро дошт ва ҳайкалтарошон ҳар рўз бути наве метарошиданд ва ҳар кас бути худро орову тор медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё