33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Пеши бутон қурбонӣ мекарданд ва аз он сангҳои беҷон муроду хоҳиш металабиданд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) муроҷеъ ба бутпарастон ва мутаннафир аз бутҳои зиёд «Ло илоҳа илаллоҳ…» гуфт, яъне, нест худое магар Аллоҳ.
Ло ин не-и инкори бутҳост. Ло ин не- и барҳамзанандаи ҷоҳилият аст.
Ло ин не-и барҳамдеҳи русуми нафратангези асномпарастони давр аст.
Ло ин рафъати дараҷоти занон аз торикии беҳуқуқии замон буд. Ва ниҳоят ин ло-и таъкид аст. Таъкиди баргардиш аз торикӣ ба сўи нур, аз зулмат ба ҷониби шаъшаъа, таъкиди руҷўъ аз каҷӣ ба сўи ростӣ, аз ботил ба сўи ҳаққу ростӣ. Ана барои чӣ калимаи нахусти мўъмин аз ло оғоз шуд, на аз вожае дигар. Ин «ло»-и оддӣ нест, ин «ло»-ест, ки дунёро дигар кард, ин «ло»-ест, ки таърихи башариятро тағйир дод.
Баҳси ломалиф – вақфи лозим ё нолозим Акнун диққат дода шавад ба таъкиди Румузи авқоф: «Ломалиф вақф нест, яъне дар охири ҷумла ё оят бошад, ист лозим нест. Агар қорӣ мабодо ист кунад, иъодаи қироат лозим мешавад. Агар дар сари оят набошад». Яъне ҳангоми қироат қорӣ ин ишораи ломалифро бинад, ист накунад, агар ист кунад, бояд аз сари нав ҳамин ҷумларо хонад. Ҷумлаи охири таъкид: «Агар дар сари оят набошад», ишора ба иъода накардани қироат мебошад, на ба тамоми таъкидот. Ана ҳамин ҷумлаи охирро дастак карда, ҷадидхонҳо ҷумлаи охирро ба ҷумлаи «Вақф нест» низ марбут дониста, пурра аз баҳри вақфи ломалиф, ки ист нест, баромадаанд. Ин иштибоҳро дар баъзе чопҳо фаҳмида, онро вақф ё исти мамнўъ (манъшуда) эълон кардаанд, то ки қориҳо ин ғалатро дигар такрор накунанд. Вақфи ломалиф аксар вақт дар охири оят омадааст. Охири оят дар Қуръон бо доирача ва дар дохили доирача рақами оят ишора мешавад. Ин доирача худ ишораи вақфи ҳатмӣ ва охири оят аст. Ишораи ломалиф дар болои ин доирача таъкид аст бар набудани ист. Агар ин ишора нолозим ё нодаркор мебуд, онро намегузоштанд. Дар Қуръонҳои чопи Арабистон ва баъзан Покистон авқоф пурра ё қисман бардошта шудааст, ки мақсади ин қориёни навбаромад ва хоҷагони эшонро дар пай дорад.
Бояд гуфт, ки беҳуда дар охири аксари Мусҳафҳо фасли махсус бо номи Румузи авқоф накушодаанд. Ин ба он мақсад аст, то ки қориён истифода аз ин рамзҳо дурусту бехато Қуръон бихонанд. Дар аксар қуръонҳое, ки чопи Когон ва Қазон ҳастанд ва мардуми мо дар замони Шўравӣ аз ҳамин чопҳо бештар истифода мекарданд, вақфҳои мазкур гузошта шудаанд ва дар охир риояи онҳо таъкид ёфтаанд.
Масалан дар сураи аввали Қуръон Фотиҳа, ки бо номи Алҳамд машҳур аст, чор маротиба вақфи ломалиф омадааст. Дар Тоҷикистон то охири солҳои 80-уми асри гузашта ин авқоф риоя шуда меомад.
Махсусан мардуми водиҳои Қаротегину Балҷувону Сари Хосору Ҳисору ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки таълимдидагони мадрасаҳои машҳури Бухорои Шариф буданд, боэҳтиёт ин вақфро риоя карда омадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё