Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба хотири гуноҳони дуюмӣ мо наметавонем тамоми номҳои шахсонеро, ки Салмон ном доранд, иваз кунем.
Арҷгузории гузаштагони худ ин шинохти хеш аст, хештаншиносӣ ин гом ниҳодан дар пайроҳаи одамият. Ба ақидаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аввал шахс хешро мешиносад, то ки мусалмон бошад. Ва баъд гом мениҳад дар роҳи дараҷаи ИНСОНИ КОМИЛ:
Ҳазор сол аст аз ту то мусалмонӣ, Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.
Дар ҳамсоягии мо шахсе бо номи Ҷамшед зиндагӣ мекунад. Ў ҳофизи 26 пораи Қуръон аст. Наттоқи хубе низ ҳаст. Қавмеро имоматӣ мекунад. Ҳамагон ўро дўст медоранд ва ҳурмат мекунанд. Ҳатто шахсе аз эҳтирому ихлоси зиёд ваъда дод, ки агар писардор шавад, ба хотири қорӣ - Ҷамшед ҳатман писарашро Ҷамшед ном хоҳад гузошт.
Агар чунин аст, пас биёед мо хоҳ Рустам ном дорем, хоҳ Исфандиёр, ва ё Афросиёбу Судобаему хоҳ Майк Тайсону Ҷон Терри, Жак Иф Кустоем ё Олегу Наташа чун мусалмонем ва калимаи шаҳодат бар забон рондаем, дар амали нек кўшем, то ин ном ба некӣ бимонад ва ояндагон ба хотири номи нек аз ин ном истифода кунанд.
«СССР»\ 2.10.2008

Ҳикмати Ломалиф (ﻻ)

Ё зуҳури фундаменти низоъ, ки ахиран ба ҷанг кашида буд Пайдоиши аломати китобат ба пайдоиши хат алоқаманд аст. Чи тавре ки илми забоншиносӣ дар шакли имрўзааш зодаи замони шўравист. Хатти кирилиро низ тоҷикон дар ин давра қабул кардаанд.
Аз ин гуфта чунин хулоса мебарояд, ки аломатҳои китобат (дар шакли имрўзааш) тавъам бо хатти кирилӣ низ баъди Инқилоби Октябр пайдо шудаанд.
Суоле ба миён меояд, ки гузаштагони мо дар тўли ҳазор соли ҳукмронии хатти арабӣ аломатҳои китобатро истифода мекарданд ё не? Оё дар хатти арабӣ аломати китобат вуҷуд дошт?
Вақф, яъне ист
Дар хатти арабӣ аломати китобат мавҷуд аст ва онҳоро авқоф меноманд. Авқоф ҷамъи вақф буда, бо калимаи таваққуф (ист), тавқиф ҳамреша аст. Аъроб барои нишон додани исти кўтоҳу дароз (бофурсат) асосан аз ҳарфҳо ва аломати махсус истифода намудаанд.
Баъзан дар охири китоби муқаддаси «Қуръон», барои дуруст хондани толибилмон аломати авқофро бо шарҳаш оварда нишон медоданд.
Дар ҷумлаҳои арабӣ ин аломат баъзан бе такя дар шакли пурраи ҳарф ё ҳиҷо оварда мешуданд, баъзан бо такя яъне дар болои доирачае аломатҳои истро мегузоштанд, чунончи: ۚ ۖ ○ﮠ .

пешина
аз 161
навбатӣ