33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Шоҳ Ҷамшед, аз рўи нақли «Шоҳнома», дар ибтидо ба Худои ягона боварӣ дошт. Вақте бар худ мағрур шуд, худро Худо пиндошт, фарри эзадӣ аз ў бурида гашт, рўяш сиёҳ шуд. Мардум аз ў рўй гардониданд. Шоҳ Ҷамшед пушаймон шуд. Боз гашта, тавба кард.
Аммо дер шуда буд. Мардум дигар ўро нахостанд ва Заҳҳоки тозиро ҷонибдорӣ карданд. Ҳамин тариқ, мулк бар Заҳҳоки морон қарор гирифт. Яъне Ҷамшед чун як бандаи хатокор бар хатои худ иқрор аст.
Ва ў он қадаре нест, ки ин воизон ба қалам медиҳанд ва ў он андоза душман нест, ки ояндагон номи ўро аз насабномаҳо ва дафтари зиндагӣ сутурда кунанд. - Номҳои Ҷамшеду Хуршед муродифанд бо номҳои Офтобу Меҳру Шамс. Агар ба хотири офтобпарастон ҳама номҳои порсии ифодакунандаи офтобро иваз кунем, пас исми арабии Шамс чаро дар канор монад? Шамси Табрезӣ – яке аз 5 пири маърифат дар олами ислом ҳеҷ гоҳ дар фикри иваз кардани номаш набуд. Чун офтобу замину дигар сайёрагон ҳама офаридаи Худоянд ва номгузорӣ аз онҳо шукргузорӣ аз Илми бузурги худовандист.
- Дар Эрону Афғонистон барин давлатҳои бузурги исломӣ ҳазорҳо Рустаму Исфандиёру Ҷамшеду Каюмарсу Ҳушанг хушнуд аз номи хеш кору зиндагӣ доранд ва касе талқин бар ивази номи онҳо надорад ва ҳукумат низ ишонро барои номҳои қадима доштан гунаҳгор намеҳисобад.
- Агар гирем, ки номҳои мазкур бар оини дигар буда бошанд ҳам, барои иваз намудани онҳо зарурате нест. Зеро паямбар (с) на бар табодули ҳама асмои замони бутпарастӣ таъкид карда буданд. Чуноне ки дар фавқ ишора рафт. Ин мисли он аст ки паямбар гуфт: «ло илоҳа илаллоҳ…», яъне нест худое (ишора ба бутҳо) магар Аллоҳ. Диққат диҳед ба лафзи илоҳ, ки дар калимаи тайба ва тавҳид инкор (ло) пеш аз он омадааст. Гарчанде паямбар лафзи илоҳро (ишора ба бутҳо) инкор карда бошад ҳам, мардуми мусулмон лафзи Илоҳро ба маънии Худои яккаву ягона имрўз ҳам истифода мекунанд. Мисли «Илоҳо, гуноҳони маро авф кун, ё ояти Илоҳинноси – Маъбуди мардумон». Лафзи Илоҳ дар арабӣ муродифи калимаи Худо буда, арабҳо пеш аз ислом ва баъд аз ислом онро ба ин маъно истифода мекунанд. Чи тавре ки маънои Худо соҳиб аст ва мардуми мо дар тамоми даврони мавҷудияташ пеш аз ислом ва баъди ислом онро ба ҳамин маъно истифода карда меояд.
Пас калима ё вожа чун номи шахс дар зоти худ гуноҳ надорад ва он наметавонад бори гуноҳеро бикашад, ки соҳибаш содир кардааст, балки ин одамонанд гунаҳкор аз барои аъмоли бадашон. Калима танҳо бори маъноӣ мекашаду халос. Ба таври дигар, Салмони Форсӣ суҳобаи пайғамбар аст. 1300 сол баъд муҷриме бо номи Салмони Рушдӣ пайдо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё