Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соли нави мелодиро ба ҳамаи ҳамватанон муборакбод мегўем!!!
(Ин мақола бо Сайёф навишта шуд).
«СССР»\01.01.09

Ҷамшед, номатро дигар макун!

Ё калима дар зоти худ гуноҳ
надорад, балки гунаҳгор шахс
аст аз рўйи аъмоли бадаш

Солҳои ахир аз минбарҳои баланд мешунавем, ки номҳои Ҷамшеду Хуршед ва ба ҳамин монанд бозмондаи замони куфру маҷусия буда, бояд онро бо номҳои мусалмонӣ аз қабили Абдураҳмону Абдуллоҳ ва ғайра иваз намоянд. Зеро паямбар (с) дар замони худ ин корро карда буданд. Яъне ин ҷо ду чизро далел мекунанд: 1. Ин номҳо бозмондаи бутпарастию оташпарастӣ мебошанд; 2. Ин суннати паямбар аст.
Мо фикри хешро аз дуюмӣ оғоз менамоем. Аз нигоҳи ислом он амалҳое, ки паямбар доимо ё дафъатан анҷом медоданд, суннат маҳсуб шуда, иҷрои он дар гардани мўъминин қарз ҳисобида мешавад.
Инчунин амалҳое буданд, ки паямбар онҳоро баъзан иҷро мекарданд, баъзан намекарданд. Иҷрои баъзе амалҳоро пайғамбар таъкидан амр мекарданд, ки бо номи суннати муаккада маълуманд. Риояи онҳо чун воҷибу фарз ҳатмӣ мебошад. Номивазкунӣ ва ба кадом навъи суннат мансуб будани он аз рўзгор ва зиндагонии он ҳазрат (с) маълум мешавад. Зеро паямбар (с) на ҳама номҳои замони бутпарастиро ба иваз намудан амр кардааст. Мисли асмои наздикони он ҳазрат (с) – Абдуллоҳ, Омана, Абутолиб, Абдулмуталиб Ҳошим ва ҳазорон номҳои дигар. Ин шахсон пеш аз зуҳури ислом шаҳди исломро начашида аз олам гузашта буданд. Ва имрўз дар олами ислом аз истифодаи ин номҳо нуфур намекунанд. Дар ҳар сурат қазия дар атрофи номҳои арабӣ нест, балки танҳо гап сари номҳои порсии тоҷикӣ меравад.
Акнун мегузарем ба таҳлили далели аввал. Баъзе аз воизон дар бораи подшоҳони пешдодӣ аз қабили Каюмарс, Ҳушанг, Сиёмак, Ҷамшед китобе ё таърихеро надидаю нахонда суханҳое мегўянд, ки кас дар ҳайрат меафтад. Баъзе шоҳ Ҷамшедро кофир, иддае ўро оташпараст гуфта, шадидан бар ивази ин ном фатво медиҳанд. Мо нодурустии қавли эшонро бо далелҳои зайл нишон медиҳем.

  1. Оини Зардушт 7 подшоҳ баъд аз Ҷамшед пайдо шудааст. Аз ин рў шоҳ Ҷамшед наметавонист ба дине, ки ҳоло пайдо нашудааст, шомил бошад. Хайрият, ки ин гурўҳ намедонанд, ки ҷангҳои Исфандиёру Рустам дар замони Гуштосп барои паҳн кардани дини зардуштӣ буданд, набошад ба иваз намудани ин номҳо сар мекарданд.
пешина
аз 161
навбатӣ