33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Инак, Наврўз омад! Наврўз дар мамлакати мо фасли гўштингирон аст. Паҳлавонон дар маъракаҳои ба таъбир «дарвешона» сахт омодагӣ мебинанд ва намоиши майдондорӣ, паҳлавонӣ, ҷасурӣ, маҳорат маҳз дар ин давра сурат мегирад. Орзу доштем, ки доварону мураббиён дар симои ҳар як паҳлавон на рақибе, балки нахуст фарзанди тоҷикистонии худро бинанд ва нагузоранд, ки дар ин варзиши сирф мардона номардиву ноҳақиҳо ва тарафкашиҳо роҳ ёбад. Наврўзро ба ҳамаи варзишгарон ва ҳамватанон табрик мегўем! Варзиш қосиди сулҳ, паёми озодии ирода, муттаҳидкунандаи миллат ва умеду орзуҳои ватандорист!
«СССР»\19.03.09.
(Ин мақола бо Абдураҳмон Маҳмадов – директори академияи миллии олимпӣ, устоди варзиш таълиф шуд).
Фасли 6. Шеър
Баҳамзидҳо
Саҳар гуфтанду бегаҳ офариданд,
Аз ин хуршеду ҳам маҳ офариданд.
Шафақро зид карда бо сапеда,
Шабонро рӯз пироҳан дарида.
Шаби қотил рӯзаш сар буридаст,
Шафақро хун дар поин чакидаст.
Сиёҳиро бидиданд аз сапедӣ.
Ситора нимрӯзӣ кас надидӣ.
Агар шаб дар ҷаҳон пайдо намебуд,
Дари рӯз ҳеҷ гоҳе во намешуд.
Сиёҳи аз сафедӣ ёфт ранге,
Бари зишт ёфт обрӯ қашанге.
Баландӣ ёфт аз пастӣ баландӣ,
Сари кӯҳ аз нишебӣ арҷмандӣ.
Агар боло набошад нест поён,
Фазоро дар иҳота буд медон.
Агар меҳтар набошад нест кеҳтар,
Чу кеҳин ҳаст меҳинро бародар.
Агар бошад ҳама ҷо тезобе,
Чӣ гуна гуфт хушкию саробе.
Аз ин рӯ ҳаст дарё ҳаст соҳил,
Агар феъле набошад, нест фоил.
Агар бадкорӣ дар дунё бало шуд,
Каме хубӣ ба оламҳо сало шуд.
Агар ҷанг аст дар дунё равона,
Зи сулҳу дӯстӣ ёбад нишона.
Зи силлӣ сила хезад, эй бародар,
Ки озармрой озор аст дар бар.
Бахилрову сахиро кун қиёсе,
Ки бухл омад саховатро асосе.
Чунин бояд тариқи душманоӣ,
Рақиби хешро эҳё намоӣ
15.05.1994
Шеър - асалпарварӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё