33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Шеър гуфтан нест муяссар ба ҳар кас,
Гулханафрӯзӣ набошад кори ҳар хас.
Асал орад зи гул ору аҷаб аст,
Куҷо гунҷад ин дар ҳиммати ғурмагас.
13.02.1987
Бахт
Гаҳе дар дил гаҳе дар дида бошӣ,
Умеди ман зи ман ранҷида бошӣ.
Лабонат бо табассум бод моил,
Чи хуш гар доимо дар ханда бошӣ.
Эмин бош аз ҳама дарду ғами даҳр,
Ҳамеша бори ғам афканда бошӣ.
Расад мурғи ҳумо бар хонаи ман.
Агар сӯям назар афканда бошӣ.
05.03.1987
Ба духтари помирӣ
Ноз помириву он рую лабу мӯю даҳан помирӣ,
Ишқи кӯлобиву он тоқату беҳол шудан кӯлобӣ.
Гуфтану хандаи мастонаи бебок задан помирӣ,
Ин қадар чашм ба роҳаш будану лол шудан кӯлобӣ.
Нигаҳи хубу базеб, лек бақаҳр помирӣ,
Агар орзут васлаш бояд помол шудан кулобӣ.
31.05.95
Ғазал
Ман ошиқи чашму лаби дилҷӯи туам,
Ошиқ ба қаду басту ду гесуи туам.
Ҳусни ту басо лашкари миҷгон дорад,
Сад тир занад, камони абрӯи туам.
Афсӯс, ки бо маниву аз ман нестӣ,
Фарёд, ки бе мӯи ту бо мӯи туам.
Аз роҳи дароз барои ту меоям,
Рӯзону шабон силсилаи мӯи туам.
Ишқи ту, ки рахнаҳо ба ҷонам кардаст,
Ҷонона, шунав, куштаи он рӯи туам.
Оқибати кори мо ба хайр хоҳад буд:
Ногаҳ шунавӣ, ки шоҳ дар тӯйи туам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё