Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ана аз куҷо сарчашма мегирад шикастани рўҳи варзишгар. Чун аз ибтидо бо фиреб омадааст, то охир бо фиреб хоҳад рафт. Аммо бори каҷ ба манзил расидан ку намерасад, вале ба чанд нафари дигар таъсири манфӣ мерасонад. Шахсони масъулро лозим меояд, ки сари ин масъала амиқу дақиқ андеша кунанд ва нагузоранд, ки як шахс чанд шаҳодатномаву шиноснома дошта бошад. Байни ҷавонон гап-гап аст, ки ҳама инро медонанд, ин ҳодисаи муқаррарӣ гаштааст. Ва касе пеши роҳи инро гирифта наметавонад. Кор то ҷоест, ки мураббиёни бовиҷдон аз ин зуҳуроти номатлуб огоҳона тарсида, шогирдони наврасашонро ба чунин мусобиқаҳо намебаранд. Оё мутасаддиёни варзиш ба ин зуҳуроти нангин хотима мегузошта бошанд? Нест бод дупаспортӣ дар гўштин!
Гўштин - суннати паёмбар (с)
Дар замони паёмбар (с) кофаре ниҳоят пурқувват, ки дар гўштингирӣ моҳир буд, бо паёмбар (с) дар баҳс мешавад. Он шахс, ки ба қувваи худ ниҳоят боварӣ дошт, шарт мегузорад, ки агар паёмбар ўро дар гўштин мағлуб созад, мусалмон хоҳад шуд. Паёмбар (с) розӣ шуда, ба қудрати илоҳӣ он шахсро мағлуб месозад. Он шахс ҳайрон шуда, имон меорад. Яъне аз кинаву ғазаби пештараи ў нишоне намемонад ва мусалмон мешавад.
Дар «Наводирулмеъроҷ» Шайх Олими Акбарободӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд:
«паҳлавонӣ ба гўштин гирифтан нест, ки касеро биандозад. Балки мард он кас бошад, ки дар ҳоли ғазаб худро нигоҳ дорад аз хашм рондан. Мард дар ҳоли ғазаб дар дасти шайтон чунон асир аст, ки (гўйи) дар хамми чавгони ўст». Ҳосили маънӣ аз ин ҳадиси саҳеҳ он аст, ки паёмбар (с) ишора ба гўштин амр ба он мекунад, ки хашми худро фурў хўред, яъне агар шахсе нисбати нафаре кинаву ғазаб дошта бошад, беҳтарин роҳи фурў нишондани он гўштин аст, на ҷангу хархаша. Воқеан, ду нафари кинавар гўштин гиранд, кинаҳо бартараф шуда, ҷангу хунрезӣ аз байн меравад. Зеро гўштин мактаби ҷавонмардист. Ва таълимоти ин мактаб «майдон аз далер аст» ва он намегузорад, ки рақобатҳо тезутунд ва ба зарари шахс ва ҷомеа равона гарданд Дар ин ҳолат вожаи гўштин муқобили вожаи ҷанг намудор мешавад. Зинда бод гўштин, яъне дўстӣ!
Бо нияти нек гуфтанием:
Мо дар ин мақола кўшидем номи касеро нагирем. Фақат баъзе иллату камбудиҳоро дар ин варзиши воқеан миллӣ ногуфта наметавонистем. Мо на ба он хотир гуфтем, ки касеро паст занем, балки ба он хотир, ки ин иллатҳо аз байн раванд ва гўштини миллӣ рушду инкишоф ёбад. Мо он чиро гуфтем, ки дар беруни майдони гўштин ба истилоҳ дар пушти саҳна мегўянд.

пешина
аз 161
навбатӣ