Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба гўштӣ гирифтан ниҳодан сар,
Гирифтанд ҳар ду дуволи камар…
Хам овард пушти диловар ҷавон,
Замона сар омад, набудаш тавон (ҷ. 2, саҳ. 289).
Гўштини миллии тоҷикӣ чунин таърихи куҳан дорад, вале имрўз дар мусобиқаҳои байналхалқӣ дохил нашудааст. Рафиқони ўзбак гўштини миллии тоҷикиро аз худ карда, бо номи кураш онро дар сатҳи байналмилалӣ бароварданд. Ҳатто дар интернет гуфта шудааст, ки гўштини самбо маншаъ аз қувваозмоиҳои шарқӣ аз ҷумла тоторию, туркманию японию ўзбакию ғайра гирифтааст. Вале номи тоҷикон дар он ҷо нест. Ба ақидаи устоди варзиш Абдураҳмон Маҳмадов «Гўштини миллии тоҷикӣ модари гўштинҳои дунёст».
Аз ин рў масъулини Кумитаи варзишро лозим меояд, ки сари ин масъала чуқур андеша кунанд. Зеро паҳлавонони мо алакай дар ҷаҳон шинохта шудаанд ва онҳо метавонанд дар арсаи байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро бо ин навъи варзиши миллӣ, ки оммавӣ аст, баланд бардоранд. Боварӣ дорем, ки гўштини миллии тоҷикӣ бо он тағйироти назаррасе, ки имрўз дохил кардаанд, мавқеи байналхалқиро соҳиб мешавад.
Андар баёни паҳлавонони тоҷик
Нахустин бор дар таърихи миллат соли равон ду тан аз гўштингирони тоҷик Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов парчами Тоҷикистони азизро дар олимпиадаи Чин баланд барафроштанд ва ҷойҳои саввуму дуввумро ишғол карданд. Ин дар ҳолест, ки аз дигар навъи варзиш дар талоши сабқат мо дар ҷойҳои хеле дур аз мадди назар истодаем. Яъне ба таҳқиқ, чун гўштин моли миллати мост ва дар хуни мо ва шарёни мо ҷорист, метавонем бо шиками гуруснаву либоси тикка, толорҳои сарду бебарқу бодгард (сквозняк) бар аврупоиёну амрикоиёни серу пур пирўз оем ва ҳам меоем. Пас, имрўз замоне расида, ки бар гўштини миллӣ таваҷҷўҳи бештаре кунем ва дар сатҳи ҳукумат мавзўи мазбур мавриди ҳаллу фасл қарор бигирад.
«СССР»\20.11.2008

Ғиромиҳо дар гўштин
Ноҳақии довару сари кафида зери тоқӣ ё аз мост, ки бар мост!

Мо тоҷикон шавқу ҳаваси беандоза ба гўштин дорем, махсусан,
гўштини миллиро беандоза дўст медорем. Ҳатто барои тамошои
гўштин аз як ноҳия ба ноҳияи дигар меравем. Хулас, гўштин дар
Тоҷикистон он қадар оммавӣ гаштааст, ки варзишгар гуфта, мо
одатан гўштингирро дар назар дорем. Гўштини миллӣ модари гўштинҳои дунёст.

пешина
аз 161
навбатӣ