Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он қоидаву қонунҳои худро дошт. Ҳатто қоидаҳои ба рўи коғаз овардаи мутахассисони моро баъзе кишварҳои дигар аз худ намуда, гўштинҳои миллии хешро эҷод намуданд. Фикр мекунем, бартарияти гўштини миллии тоҷикӣ аз дигар навъҳо дар он буд, ки мардонагиву паҳлавониро пурра дар худ гунҷонида буд. Акнун чанд сол мешавад, ки ба он қоидаҳои нав илова намудаанд. Албатта, бо талаботи замон ва барои дар сатҳи байналмилалӣ баровардани он ин навовариҳо заруранд.
Фаъол, яъне чӣ?
Ин қоида аз гўштинҳои дзюдо ва самбо ба мо ворид шуд. Пештар дар гўштини миллӣ то ҳариф ҳарифро ба тахтапушт намехобонд, ғолиб ҳисобида намешуд. Ҳамин тавр ду гўштингири боқувват дар итмоми маъракаҳо соатҳо қувва меозмуданд, вале касе ғолиб намешуд.
Ва ҳамин тавр бисёр қувваозмоиҳо нотамом мемонд. Акнун вожаи фаъол фаъол шуд. Аслан ин ҷо доварон фаъол шуданд на вожа. Яъне, дар сурати якранг (на дуранг, зеро вожаи дуранг ду навъ маъно дошта, баръакси мусовӣ аст) ё мусовӣ шудан доварон бояд фаъолтарро муайян кунанд. Ана аз ҳамин ҷо сар мешавад баъзан ноҳақиҳо, ки табъи ҳамаро хира карда, гўштингирро ба кўйи яъсу ноумедӣ ва дилшикастагӣ мебарад. Пешниҳод доштем, ки ҳукми фаъол бори дигар дида шавад ва умуман дар мусобиқаҳо барои ҷои аввал ё медали тилло ҳукми «ғалабаи соф» ҷорӣ шавад. Ба таври дигар, то ба тахтапушт ҳарифро нахобонад, ҷои аввал дода нащавад. Таъкид мекунем, танҳо барои ҷои аввал ва медали тилло ин қоида бояд ҷорӣ шавад. Дар дигар мавридҳо фаъол бигузор ба паҳлавони фаъол дода шавад на ба «соҳибдор» ё «тағодор».
Ҳалол, яъне чӣ?
Ҳукми ҳалол, яке аз ҳукмҳои ҷиддӣ ва ҳуқуқии исломӣ буда, дар шариат тамоман маънои дигар дорад. Он дар байни халқ сермаъно шуда, дар гўштин маънои нав касб намуд. Яъне ҳариф ҳарифро ба пушт хобонад, «тўҳфаро ҳалол кард» мегуфтанд. Оҳиста-оҳиста мувофиқи қонуни ихтисоршавӣ аз ҷумлаи «Тўҳфаро ҳалол кард»
танҳо вожаи ҳалол боқӣ монд. Дар баробари ин одамон ба таври мусалмонӣ куштани ҳайвонро ҳалол кардан низ номиданд. Дар ҳар ду сурат гап дар бораи ашёе меравад, ки гирандаи он мувофиқи ҳукми ҳалол ба он пурра ҳуқуқи соҳиб шуданро дорад. Аз ин рў дар гўштини миллӣ ҳукми ихтисоршудаи «ҳалол»-ро дар шакли пуррааш «тўҳфаро ҳалол кард» ё «мукофоти ҳалол» зинда гардонидан зарур аст.
Довар, яъне кӣ?
Рисолати довар басо сангин аст. Довар, ҳакам ё судя бояд аз касе ё аз чизе вобаста набошад. Ба ибораи халқӣ «рўйи Худоро бинад».
Довар як исми Худост, аз ин рў довар бояд ҳақ гўяд. Агар гўштингир ҳарифро ба тахтаи пушт хобонад, ҳар кас дар ин маврид доварӣ карда метавонад.

пешина
аз 161
навбатӣ