Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чу ў гўй дар хамми чавгон гирифт, Ҳамоварди ў хоки майдон гирифт.
Зи чавгони ў гўй шуд нопадид.
Ту гуфтӣ сипеҳраш ҳаме баркашид.
Яъне, Сиёвуш он қадар сахт чавгон мезанад, ки гўй аз зарбаи ў дар осмон нопадид мешавад. Куҷоянд Сиёвушони имрўза!? Ин ҷо муфассал тартиби бозӣ гуфта нашудааст. Аммо дар бозии дунафарӣ як чиз баръало маълум аст. Бозингар гўй ё тубчаи задашударо дошта, чӣ қадар сахттару дуртар занад ғолиб ўст.
Баъди бозии дунафарӣ бозии даставӣ сар мешавад:
Чунин гуфт бо лашкари номҷўй,
Ки майдон шуморову чавгону гўй.
Чу гурдон ба майдон ниҳоданд рўй, Зи туркон ба тундӣ бибурданд гўй.
Сиёвуш аз Эрониён шод шуд,
Ба сони яке сарви озод шуд (ҷ. 3, саҳ. 172) Дар Тоҷикистон гўштин воқеан оммавӣ аст. Шояд ҳамин оммавӣ будани гўштин аст, ки ҷаҳонпаҳлавоне чун Саидмўъмин Раҳим дар гўштини тарзи самбо ва боз вазни аз ҳама боло шарафи Тоҷикистонро боло бурд. Ва ин охир нест зеро нуфузи ин навъи варзиш рўзафзун аст.
Гўштини тарзи Самбо (самооборона без оружие) аз гўштини миллии тоҷикӣ маншаъ дорад.
Андар баёни маънои гўштин
Гўштин аз вожаи аслии тоҷикии «куштӣ» гирифта шуда, маънияш камарбанд аст. Ва низ камарбанди зардуштиёнро куштӣ ё кустӣ меномиданд. Номи аслии ин навъи варзиш куштигирӣ буда, маънии камарбандгирӣ ё камарбанди якдигарро гирифта, қувваозмоӣ кардан мебошад. Ҳарфи н дар охири ин вожа чун зинати калима онро аз парокандагӣ нигоҳ доштааст. Зеро мувофиқи равонӣ ва содагии забони тоҷикӣ калима бо садонок тамом шавад, пароканда ба гўш мерасад. Аз ин рў таркиби калимаҳои забони мо бештаринашон иборатанд аз садонок + ҳамсадо + садонок + ҳамсадо ва мисли ҳамин.
Дар вожаи бозингар низ ин ҳодисаро, ки дар забон ҳодисаи афзоиш ном дорад, мушоҳида мекунем. Ҳамсадои н дар охири калимаи бозӣ замоне афзуда шуда будааст, ки имрўз дар таркиби вожаи бозингар боқӣ мондааст. Дар охири пасвандҳои –ӣ ва –гӣ, ки сифатҳои нисбӣ месозанд, илова шудани ҳамсадои н низ ба ин ҳодиса алоқаманд аст.
Мисли чўбӣ – чўбин, пахтагӣ – пахтагин, оҳанӣ ё оҳанин ва ғ.
Дар «Шоҳнома» ин навъи варзиш чандин маротиба нишон дода шуда, бештарини мавридҳо на чун бозӣ, балки чун қувваозмоии ҷиддӣ ва барои ҳаёт ҳалкунанда ба чашм мерасад. Чунончи ҳангоми разми Рустаму Сўҳроб инро мебинем:
Ҳамон гаҳ, ки хашм оварад бахти шум, Шавад санги хоро ба кирдори мум.

пешина
аз 161
навбатӣ