Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо бошем, чунон мезанемаш, ки … дигар ҳатто ба боғи падараш нахоҳад даромад!
Метарсам, пас аз қабули Қонун дар бораи масъулияти волидайн умуман фарзандонро хонашин мекунем: берун марав, ки милиса меқападат.
Ҷалби ҷавонон ба варзишу баромад дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва намоиши онҳо тавассути телевизион агар ҷавонони моро як андоза ватандӯсту рӯҳбаланд намоянд, роҳи дигар ин сабти филмҳои ватанист. Ба ақидаи мо танҳо бо ҳамин роҳҳо метавон нотарсиву далериро дар вуҷуди миллат тарбия намуд.
«СССР»\ 10.02.2011.
Фасли 5. Гӯштини тоҷикӣ

Гўштини миллӣ – падари гўштинҳои дунё

Гўштини мо оммавист, вожаи хоккей тоҷикӣ Гуштини миллии тоҷикӣ ягона навъи варзишест, ки дар Тоҷикистон оммавӣ мебошад. Оини «Дарвешона», ки ба ин далел аст, тамоми мардумро фаро мегирад. Касе бетараф нест, ҳама ҷавонон мехоҳанд қувваозмоӣ кунанд, ҳатто онҳое, ки дар умрашон машқ накардаанд. Аммо як ғайрати тоҷикона онҳоро ба майдон мекашад.
Зану мард ба тамошои паҳлавонон мераванд. Ба ақидаи мо то ягон навъи варзиш дар ҳудуди давлате оммавӣ нагардад, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ он давлат ба дастоварди назаррасе ноил намегардад.
Андар баёни тавлиди Пеле ва Третяк Дар Бразилия дар ҳар кўчаву тангкўча аз хурд то бузург футбол бозӣ мекунанд. Раванди оммавии футбол он гуна ҳомилаи талош шуд, ки ахиран Шоҳи футболро тавлид кард. Дар Руссия, Канада, Чехославакия, вобаста ба сармои сахт навъи варзишҳои болои барфу ях, аз ҷумла хоккей оммавӣ аст. Аз ин рў ин дастаҳо дар ин навъи варзиш дар ҷаҳон пешсафанд. Гарчанде вожаи хоккей аз «хокӣ» - и тоҷикӣ реша дорад. Ва он нахуст дар болои хок, замин дар Эрон пайдо шуда, баъдҳо ба мамолики ҳамсоя интиқол ёфтааст.
Андар баёни голф ё крикет дар «Шоҳнома»
Мардуми Эронзамин, яъне тоҷикон аз қадим чавгонбозӣ мекарданд ва ин варзиш он қадар оммавӣ буда, ки шоирони тоҷик зулфи маҳбубаро ба чавгону занах (манаҳ ё фук) – и ўро ба гўй (тўбчаи чавгон) ташбеҳ мекарданд:
Эй гўйзанах, сухан зи гўят гўям, В-эй мўймиён, зи ишқи мўят мўям (Муизӣ).
Ва ба ёд биёрем Сиёвуши «Шоҳнома»-рову шаҳре бо номи Сиёвушгирд (Вашгирд – Файзободи имрўза) бино кардану маҳорати беандозаи ўро дар чавгонбозӣ, ки рашки ҳасудонро болотар карда буд. Бояд қайд кунем, ки ин навъи варзиш дар шоҳасар ду тарз ба чашм мерасад. Яке бозии ду гурўҳ ва дигаре бозии ду нафар, ки имрўзҳо бо номи голф байни сарватмандони ҷаҳон маъруф аст.
Чунончи, лаҳзае аз достон, ки Сиёвушу Гарсеваз пеш аз бозии даставӣ гўю чавгон ба даст мегиранд, ки ғолибан голфи имрўзаро ба хотир меорад:
Сиёвуш аз айвон ба майдон гузашт, Ба бозӣ ҳаме гирди майдон бигашт.
Чу Гарсеваз омад, бияндохт гўй,
Сипаҳбад сўи гўй бинҳод рўй.

пешина
аз 161
навбатӣ