33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Баҳроми Чӯбина сарлашкари хирадманд ва далер аст. Ӯ дар муқобили лашкари 120-ҳазораи Совашоҳ танҳо 20 ҳазорро мегузорад.
Вале ин 20 ҳазори оддӣ набуд, балки ҳама 40-сола буданд. Чаро 40- сола? Зеро чилсола оилаву фарзанд дорад ва дилбастагии камтар ба ашёҳои ҳаёт дорад, чилсола болотар ва авлотар аз Ватану оила чизи дигареро намегузорад. Аз ин рӯ ӯ ватандӯст аст ва ҳеҷ гоҳ дар ҷанг пушт ба душман намекунад. Ва ҳайратовар барои душмани саропо мусаллаҳ Баҳроми Чӯбина ғалаба мекунад. Оре, ҳамон Баҳроме, ки ӯро бобои Исмоили Сомонӣ гуфтаанд. Агар филмашро ҷои киноҳои навбаромади «ашкамшашқатор» месохтем, беҳтарин филми ватандӯстӣ мебуд. Қаҳрамониву паҳлавониҳои «Самаки айёр» бошад, намунаи олии ҷавонмардиву шуҷоатанд, ки баъзе идеяҳои онро дар филмҳои Голивуд мебинем. Шумо тасаввур кунед, ки Шон Конери Самакро бибозаду Силвестер Сталони Геви Гударзро ва Шварснегер Исфандиёри Руинтанро, ин миллат 180 градус ба самти шуҷоату далерӣ тоб мехӯрд.
Кино беҳтарин роҳи тарбияи нотарсӣ Вале мутаассифона, ҳар ҳафта шабакаҳои телевизион рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе 6-7 филми ҳиндӣ намоиш медиҳанд. Ҳар филм думаротибагӣ як бор шаб як бор саҳар (барои хоболудон) сесоатӣ вақти пурқимати моро мегирад. Аз замони шӯравӣ 40 сол аст, ки мо ҳиндӣ тамошо дорем, зиндагии мо психологияи мо ҳиндувӣ шудааст. Бовар кунед, либоспӯшиву муносибати байни ҷавонон низ хусусияти ҳиндувӣ дорад. Агар аз забони баъзеҳо овозаҳо шунавӣ, ки фалон кас ба фалон кас пинҳонӣ издивоҷ кардааст, ё ба ҳамин монанд, ҳайрон нашав, зеро тафаккури мо ҳиндувӣ аст. Ба рақси ҷавонон як бор бингаред, Ҷимиву Виджайро ба ёд меоранд. Дар муштзанӣ ҳатто ба онҳо тақлид мекунанд. Ҳангоми тамошои филмҳои ҳиндӣ баъзан гардани якдигарро оғӯш карда, гиря ҳам мекунем. Идеали ҷавонони мо чанд беҳунари ба ном ситораи кимчиВуд шудааст. Аз мазмунҳои пӯчу бемазза ва камтарбиявии ҳиндӣ он қадар кундзеҳн шудаем, ки дигар маънои ашъори классикони пурифтихорамонро намефаҳмем ва аз ин дарёи пурганҷ имрӯз бебаҳра мондаем.
Фарзандро назанед!
Мегӯянд яҳудӣ ҳеҷ гоҳ фарзандашро намезанад, агар гуноҳи сахт ҳам кунад, зеро фарзанд тарсончаку буздил мешавад. Агар фарзандаш ба боғи ҳамсоя ба дуздӣ дарояд, дар назди рафиқон таъриф мекунад, ки ин писараш воқеан нотарс баромадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё