Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Пир шудааст.
    «СССР»\8.04.2010.

Ҳикмати тарс ё тарбияи шуҷоат
Дар талаб кардани ҳақиқати кор,
Аз Худо шарм дор, шарм мадор!
Аттор
Дар сари роҳи марказии пойтахт милисае зани гадои касалнамоеро мезад. Одамони бисёре мегузаштанд. Фақат аз байни тӯдаи одамон зани ашрофнамое эътироз баён намуда, гуфт: ту падару модар надорӣ, чаро ин зани беморро мезанӣ. Милиса бошад, мегуфт:
ин роҳи протоколӣ аст ва дар ин ҷо нишаста гадоӣ кардан мумкин нест, ба мо гап мерасад. Ҷавоне бошад, мегуфт: эй мардак, айба намедонӣ, ки ин бечораро мезанӣ. Милиса ба тарафи ӯ - ҳозир мебарум махкамут мекунум - гуфт. Он гадо ба таври худ ҳақ дошту ин милиса ба таври худ гӯё ҳақ рафтор мекард. Ва он зани нотарсу он ҷавон низ ҳақ буданду он бетарафҳо низ гӯё ҳақ буданд, ки ба ҳар кор бинӣ халондан хуб нест. Дар ин ҳодиса кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ аст гап сари он намеравад. Гап сари нотарсӣ меравад.
Тарс ва ҳурмат
Дар мо одати бисёр баде аст, ҳар кӣ дар сари вазифа ё амале омад, кӯшиш мекунад, ки дигарон аз ӯ тарсанд. Махсусан, тобеин бояд аз ӯ тарсанд. Агар натарсанд, пас ҳурмат намекунанд. Яъне, тарсидан маънии ҳурмат карданро гирифтааст. Амалдор дар участкаи худ бояд сиёсаташро шинонад, набошад ӯро ҳурмат намекунанд. Агар писарбачае аз роҳи камтаҷрибагӣ ва ҷавонӣ гуноҳе содир кунад, онро чунон мезанем, ки як умр тарсуи зиндагӣ шуда меравад. Агар бо ин гуноҳ ба милисахона афтад, ончунон шаттаву шаллоқ мехӯрад, ки як тарсончаки буздил шуда мебарояд. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ миллатро тарсу кардааст.
То агар тарсро аз эҳтиром ҷудо накунем, то агар дарк накунем, ки эҳтиром нисбати дигарон поя на дар тарс, балки поя дар одамият дорад, мо мутамаддин нестем.
Бузургтарин гуноҳ тарс аст!
Тарс, бим, ҳарос, бок, ваҳм ҳама як маъно доранд. Фикр мекунам, тарсидан ду навъ мешавад. Бими мусбат ва манфӣ. Масалан, кӣ аз заминҷунбӣ ё сел ё вулқон ва дигар ҳодисаҳои табиӣ наметарсад?

пешина
аз 161
навбатӣ