33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Масалан, метарсем, ки фалон шахс хафа мешавад, метарсем, ки аз бовариии фалон кас мебароем ва ғ.
Чун Муҳаммад (С) дар чанд ҷои Қуръон тарсонанда ё бимдиҳанда зикр мешавад, ин тамоман аз тарси заминӣ фарқ дорад.
Он поя дар зулмот дораду ин поя дар нур. Он ки аз бандаи заминӣ меҳаросад, ба ҳар гуноҳ меравад ва ин ки аз Худо метарсад, аз гуноҳ мегардад. «Бузургтарин гуноҳ тарс аст», гуфтааст ҳазрати Алӣ (карамаллоҳу ваҷҳаҳу). Ин сухани оддӣ нест. Ман шахсан аз ғазаби Худо метарсам, сахт метарсам. Натарсидан ҳам ду навъ аст.
Натарсидани мусбат ва шуҷоати манфӣ. Дар майдони ҷанг бебокона, рафиқро аз марг наҷот додан. Натарсида амреро, ки ба зарари мардум аст, иҷро накардан – инҳо далерии мусбатанд. Аммо натарсида, ба хонаи касе дуздӣ даромадан, ҷайби касеро кофтан ва умуман ҳама гуна дуздӣ, ғорат, қатл ва убури қонун, ки ҷасорати бениҳоят бузургро талаб мекунад, вале чи кунем, ки ҳама ҷасорати манфианд ва шоистаи накуҳишу маломатанд. Агар дар вазъиятҳои ҳассос ин ҷасорат ба фоидаи миллату давлат баргардонида шавад, қаҳрамонони ватанӣ арзи ҳастӣ хоҳанд намуд. Илми психология дар амал исбот намудааст, ки бештарини қаҳрамононони Иттифоқи Советӣ дар замони ҶБВ онҳое шудаанд, ки дар хурдӣ авбошсурат (хулиган), душвортабиат, малеҳтар карда гӯем, шухтабиат будаанд.
Психологияи тавлиди тарс
Золимону ҷаҳонгирони истилогар бисёр гузаштанду аз онҳо нишон намонд. Темури ланг барои тарсонидани чашми одамон калламанораҳо сохт. Ин психология бас аҷиб аст, ки ҳар кӣ хунхортару одамкуштар буд, маҳбубияти бештар ёфт. Темурномаҳо аз он нишонанд. Тарафдорони Наполеоне, ки нахуст шӯришчиёни Парижро зери тир қарор доду нисфи Аврупову Осиёро истило намуд, Сталине, ки то Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллионҳо одамонро репресия намуд ва Гитлери фашист имрӯз кам нестанд. Ин психологияи тарставлид ҳоло ҳам идома дорад, набошад, чаро портрети яке аз хунхортарин қумондонҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳар моҳ рангу зеб дода, дар сари роҳи одамон дар маркази ноҳия мегузоранд. Ӯ чӣ коре кардааст: одамонро қатл кардааст, фақат ба тарзи хоси худ, бераҳмтар ва бисёртар. Барои ҳамин ба ӯ меҳр доранд. Ин дар аввал ҳарос буду рафта-рафта меҳр шуд, эҳтиром шуд. Зарбулмасали машҳур аст:
битарс аз касе, ки наметарсад аз Худо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё