33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданИн маънои онро дорад, ки донишҷӯ меҳнат кардаву азоб кашида мехонаду дипломаш то ҳусни ностарификатсионӣ нагирад, диплом не, ки як коғази бекора аст.
Зинда бод истиқлолияти илмӣ!
Моро аз ин вобастагӣ озодӣ мебояд, эй масъулин. Мо хостори истиқлолияти комили илмӣ ҳастем. Бигузор равобити мустаҳками илмӣ бошад, вале на вобастагӣ. Тоҷикистон узви Асотсиатсияи донишгоҳҳои ҷаҳон мебошад ва Вазорати маорифи Тоҷикистон пурра чунин салоҳиятро дорад. Аз ин рӯ ҳуқуқҳои Вазорати маорифи Тоҷикистонро, ки ба ВМ Русия дода шудааст, баргардонидан даркор аст.
Дар ин асос пешниҳод мекунем:
- Дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон бе ностарификатсияи Вазорати маориф ва илми Русия эътироф карда шаванд; 2. Рисолаҳои номзадӣ ва духтурӣ пурра ба забони тоҷикӣ навишта шаванд, танҳо фишурдаи он мисли пештара ба забони русӣ бошад, кифоя аст. Мутахассисони баъзе соҳаҳо, ки рисолаи онҳо аҳамияти байналхалқӣ дорад, хоҳанд, ихтиёрӣ рисолаашонро ба забони русӣ нависанд, вале масалан диссертатсияи фанҳои гуманитариро чӣ ҳоҷат аст, ки пурра ба русӣ маҷбур нависем; 3. Вазорати маорифи Тоҷикистон Унвонҳои дохилидонишгоҳии дотсентӣ ва профессориро пурра мувофиқи меъёрҳои мавҷуда бе тасдиқ дар Русия худ тасдиқ намояд.
Ё мо наметавонем?
С.М. дотсенти дар Русия тасдиқнашуда
РУМУЗ
Аз филми «Джентелмены удачи»:
- Дотсент, откуда ты убежал?
- Из тюрма Средней Азии.
- Звание где тебе дали.
- Там же.
- Да ты настояшый Дотсент.
Латифа
Афандӣ харашро дар бозор таъриф мекард: - Ин хар аз он харҳои оддӣ нест. Тамоми дунёро гаштааст. Худи ҳамин туқумаш аз Ҳиҷоз оварда шудааст. - О ин хел бошад, чаро мефурӯшед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё