Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Эътироф нашудани мақолаҳое, ки дар маҷаллаҳои аз ВАК нагузашта чоп шудаанд ва ғ.
Биёед як бор ақли солимро кор фармоему Комиссияи олии атестатсионии (КОА) худамонро ки дар назди Академияи илмҳо ҳаст, дар назди Вазорати маориф ҷоннок намоем, зеро унвонҳои дотсентиву профессорӣ ба таълим алоқаманданд ва ин унвонҳоро новобаста аз як мамлакати дигар дар кишвари худамон тасдиқ карда, садҳо олимро аз як дардисарӣ ва ғами беҳуда озод намоем.
Ҳусни нострификатсионӣ
Инро метавон дар мавриди нострификатсия кардани дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Русия низ қайд намуд. Маънии нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии (эквивалентии) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таҳсил кардаанд (Қонун дар бораи маориф).
Яъне ҳар як олимшавандаи тоҷик пеш аз ҳимоя бояд дипломи мактаби олии худро ба ВМ Русия барои тасдиқ кунонидан равона кунад, набошад, рисолаи илмияш қабул карда намешавад. Ҳамин шабу рӯз бояд диссертант аввал ба маблағи 200 то 400 доллари амрикоӣ ба ВМ Русия равон намуда, дипломи тоҷикиро, ки мабодо қалбакӣ набошад, тавассути сертификати додаи ВМ Русия «боқувват»
мекунад. Дар ин байн мӯҳлати 5-6 моҳ сипарӣ мешавад. Ин чунин маънӣ медиҳад, ки гӯё ВМ Русия комиссияи махсус ба Тоҷикистон равон намуда, архиви донишгоҳҳоро кофта, дипломҳоро санҷида, хулосаашро баровардааст. Вале аслан ин тавр нест. ВМ Русия ин дипломҳоро ҳатто нигоҳ ҳам намекунад, зеро мо ягон бор ҳам комиссияҳои ин вазоратро дар Тоҷикистон надидаем. Хайрият ин комиссия вуҷуд надорад, набошад мӯҳлати 5-6 моҳ ба солҳо мубаддал мегашт ва диссертант ҳимоя накарда, пир мешуд. Шояд ҳаминро ба назар гирифта, онҳо танҳо маблағи зикршударо мегиранду ҳамту серификат карда, равон мекунанд. Яъне мӯҳри уқоби дусара бошад, шуд. Суоле меафтад, ки дар як кишвари соҳибистиқлол чунин ҳуҷҷатбозӣ (бюрократия) ва дар байни ду давлат саргаранг шудани тадқиқотчии тоҷик то кай идома меёфта бошад? Оё дипломи додаи ВМ Тоҷикистон худ диплом нест, ки онро бояд боз ВМ Русия дубора тасдиқ кунад? Ҳайронем, ки ВМ Русия чиро тасдиқ мекунад, вақте ки донишҷӯ дар Тоҷикистон хондаву дипломро ВМ-и Тоҷикистон додааст.

пешина
аз 161
навбатӣ