Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чун нек бингарем, абёти аввали "Шоҳнома" ҳамон оёти аввали Куръонианд:
Худованди ному худованди ҷой,
Худованди рўзидеҳе раҳнамой.
Худованди Кайҳону гардонсипеҳр, Фурўзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр(1-25).
Бояд гуфт, ки ин сабк то охири "Шоҳнома" риоя шудааст. Шоир баъди итмоми подшоҳии тамоми шоҳону бузургон рў меорад, ба офариниши олам ва бебақоии одам. Ин руҷўъҳои Фирдавсӣ мисли таронаҳо ба гўш мерасанд, ки мавзўи баҳси алоҳидаанд.
Каюмарс ва Одам(ъ)
Аввалин паямбар Одам(ъ) дар Аҷам бо номи Каюмарс ёд мешавад. Ин ақидаро Ибн-ал-Балхӣ дар "Форснома" тасдиқ мекунад.
Худи ҳамин муаллиф дар ҷои дигар Каюмарсро яке аз фарзандони Нўҳ пайғамбар - Ҳом бинни Ёфас мегўяд(саҳ.32).
Шоҳ Ҷамшед ва Сулаймон(ъ)
Умумияти ин ду нафар то ҷоест, ки дар ашъори шуаро баъзе ҳодисаву воқеаҳо ба ҳар ду нисбат дода шудааст. Қиссаи Сулаймон бинни Довуд аз Библия сарчашма дорад. Ангуштарии мўъҷизаноки ў, ки тамоми ҷонварон ва деву париро мутеи ў гардонидааст, дар "Шоҳнома"ёд нашавад ҳам, шоҳ Ҷамшедро девону париён итоат мекарданд ва тахти ў низ мисли тахти ҳазрати Сулаймон парвозӣ буд.
Яъне ҳашмату салтанати ҳар ду қариб як хел ба назар мерасад.
Ҷамшед бо ҷоми мўъҷизаноки худ, ки дар наврўз тамоми дунёро тамошо мекард, машҳур аст. Ибораи машҳури Ҷоми Ҷам аз ҳамин ҷост. Дар "Шоҳнома" ин ҷом то замони Кайковус, ки ба воситаи он Бежани Гевро аз чоҳ меёбанд, ёд шудааст.
Иди Наврўзро низ ба ҳар ду нисбат додаанд.
Дар "Шоҳнома" даҳ байт ба сохтани тахти парвозӣ ва пайдоиши Наврўз бахшида шудааст:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ў гавҳар андар нишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво.
Нишаста бар ў шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ўй, Фурў монда аз фарраи бахти ўй.
Ба Ҷамшед - бар гавҳар афшонданд, Мар он рўзро рўзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин, Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд, Маю ҷому ромишгарон хостанд.

пешина
аз 161
навбатӣ