Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Аз ин рў, субект тақсимнашаванда аст.
Предикат «барқасдона содир мешаванд» низ ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, зеро сухан дар бораи танҳо он қисм амали барқасдона меравад, ки онҳо ҷиноятҳоро ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки ғайр аз он боз бисёр амалҳои барқасдона вуҷуд дошта метавонанд, ки онҳо ҷиноят шуморида намешаванд. Илова бар ин, амалиёти барқасдона содир мешудагӣ, на фақат ҷиноят мебошанд. Бинобар ин, предикати ҳукми ҷузъии тасдиқӣ низ тақсимнашаванда аст. Мисоли дигар «Баъзе ҳуқуқшиносон адвокат мебошанд». Дар ин ҷо, ҳаҷми предикат пурра ба ҳаҷми субъект дохил шудааст. Муносибати субъект ва предикатро дар ҳукми навъи I ин тавр тасвир менамоянд ( ниг. расми 3)

S S P
p

Расми 3.

Дар ҳукми ҷузъии инкорӣ субъект тақсимнашаванда ва предикат тақсимшаванда мебошад. Масалан, «Баъзе судҳо қонунҳои ҳуқуқро хуб намедонанд». Дар ин ҷо субъект «судҳо» ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, зеро сухан танҳо дар бораи баъзе судҳо меравад. Бинобар ин, субъект тақсим нашудааст.
Предикат «қонунҳои ҳуқуқиро хуб донистан» ба ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро дар ин ҷо аз қабили одамони қонунҳои ҳуқуқро хуб медонистагӣ, баъзе судяҳо хориҷ карда шудааст. Аз ин рў, предикат тақсимшаванда аст. Мисоли дигар «Баъзе ҳуқуқшиносон адвокат нест». Дар ин ҷо аз ҳаҷми мафҳуми «ҳуқуқшинос» ҳаҷми мафҳуми адвокат» пурра хориҷ шудааст.
Муносибати субъект ва предикати ҳукми ҷузъии инкорӣ чунин аст (ниг расми 4). Дар ин расм қисми ҳаҷми субъект (S), ки бо нуқтаҳо тасвир шудааст, судяҳои қонунҳои ҳуқуқро хуб намедонистагиро ишора мекунад.
S P

Расми 4.

Ба ҳамин тариқ зимни гуфтаҳои боло, доир ба ҳаҷми истиллоҳоти
ҳукми содаи қатъӣ қоидаи умумии зеринро баён кардан мумкин аст: дар

пешина
аз 262
навбатӣ