Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Таносуби ҳаҷми субъект ва предикат дар ҳукми куллии тасдиқӣ, ин тавр тасвир мешавад (расми 1).

P

S

Расми 1.

Аммо қоидаи зикршуда барои тамоми ҳукмҳои куллии тасдиқӣ умумӣ намебошад. Зеро як қабил ҳукмҳои куллии тасдиқиро номбар кардан мумкин, ки дар онҳо предикат низ тақсимшаванда мебошад. Дар ҳақиқат, агар дар ҳукми куллии тасдиқӣ субъект ва предикати ҳукм ҳаҷман баробар бошад, он гоҳ ҳам субъект ва ҳам предикат ба ҳаҷми пурраашон гирифта мешаванд. Одатан ингуна ҳукмҳо таърифро ифода мекунанд. Масалан:
«Инсон – мавҷуди фикркунандаест, ки дорои нутқ аст».
Дар ин ҷо предикат ҳам тақсим шудааст, зеро ҳаҷми он ба ҳаҷми субъект баробар мебошад. Аз ин сабаб, ҳангоми ба якдигар иваз намудани ҷои субъект ва предикат мазмуни ҳукм бетағйир мемонад.
Дар ҳукми куллии инкорӣ ҳам субъект ва ҳам предикат тақсимшавандаанд. Масалан «Ҳеҷ як ҷанги истилогарона (S) ҷанги боадолат (Р) нест». Дар ин ҳукм субъект бо ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро сухан дар бораи ҳамаи ҷангҳои истилогарона меравад. Аз ин рў, субъект тақсимшаванда аст. Предикати ҳукм низ бо ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро сухан дар бораи ҳамаи ҷангҳои боадолат меравад. Бинобар ин предикат ҳам тақсимшаванда аст.
Дар ҳукми куллии инкорӣ аз як ҷиҳат ҳаҷми предикат аз ҳаҷми субъект пурра хориҷ гардад аз ҷиҳати дигар, ҳаҷми субъект аз ҳаҷми предикат пурра хориҷ мешавад. Субъект ва предикат ягон унсури умумӣ надоранд.
Агар «Ҳеҷ як S -Р набошад», пас, «Ҳеҷ як Р- S нест». Муносибати

S P
Расми 2

субъект ва предикат дар ҳукми куллии инкорӣ ба тариқи зайл ошкор мешавад (ниг. расми 2).
Дар ҳукми ҷўзъии тасдиқӣ на субъект ва на предикат тақсимшаванда аст. Масалан, «Баъзе ҷиноятҳо(S) барқасдона содир мешаванд (Р)».
Субъекти ҳукми мазкур «ҷиноятҳо» ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, зеро дар он сухан нисбат ба ҷиноятҳое меравад, ки барқасдонаанд ва дар бораи навъҳои боқимондаи ҷиноятҳо чизе гуфта намешавад (предикат танҳо дар бораи қисми ҳаҷми субъект маълумот медиҳад).

пешина
аз 262
навбатӣ