Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар дили ман сабзаи ишқи ту бодо бехазон,
Эй сари сабзи ман, эй сабзинаи ман, зинда бош.
Дардманди пору имсолам, давоят мушкил аст,
Эй дили бедарди пероринаи ман, зинда бош.
Омадам пешат чу бо ҷурме, ту бе рўю риё
Кардаӣ ислоҳам, эй оинаи ман, зинда бош.
Ганҷи туст, эй шеър, моро ҳосил аз умри азиз,
Ҳамбаҳои умр, эй ганҷинаи ман, зинда бош.
То ба он ҷое, ки меарзидаам, эй зиндагӣ,
Бурдаӣ боло маро чун зинаи ман, зинда бош!
Хотира
Дар фикру ёди тираам мондаст танҳо хотира,
мондаст танҳо хотира.
Ман бемуҳобо мешавам охир саропо хотира,
охир саропо хотира.
Дарди маро дармон намонд, дар ман хаёли ҷон намонд,
дар ман хаёли ҷон намонд,
Бигрифта ин дам ҷои ҷон дар ҷисми ман ҷо хотира,
дар ҷисми ман ҷо хотира.
Оварда ғун моли беҳин, дорад касе ҳоли беҳин,
Ман ҷамъ кардам гўиё аз моли дунё хотира,
дорад касе ҳоли беҳин,
аз моли дунё хотира.
Ман хўрда чун сероб себ аз дилфиребон сад фиреб,
аз дилфиребон сад фиреб,
Мондаст дар ҷону дилам аз ҳар фиребо хотира,
аз ҳар фиребо хотира.
Худро лаби дарё барам, гўям ба дарё бингарам,
гўям ба дарё бингарам,
Аз пеши чашмам бигзарад монанди дарё хотира,
монанди дарё хотира.
Як бесару бепо будам, чун коҳ дар саҳро будам,
чун коҳ дар саҳро будам,
Он сон парешам мондааст чун коҳи саҳро хотира,
чун коҳи саҳро хотира.
Аз ину он гўяд ба ман, сад достон гўяд ба ман,
сад достон гўяд ба ман,
Андар вуҷуди сокитам шуд марди гўё хотира,
шуд марди гўё хотира.


Хуш махон, мурғи чаман, модари ман бемор аст.
Нола кун бо дили ман, модари ман бемор аст.
Ҷони бечораи ман, бин ба дили пораи ман,
Нола кун, ҳамчу Ватан модари ман бемор аст.
Ризқи ў танг буд, аммо дили ў буд кушод,
Рўзии ў каму сўзи дили ў буд зиёд,
Беғамиро ба ҷаҳон додаву вопас нагирифт,
Умр бигрифт ҳама шодии ўрову надод.
Ризқи бахшида нахурд ў, ғами ман хурд фақат.
Дар раҳи қисмат бори ғами ман бурд фақат,
Гарчи мегуфт маро боғу баҳори дили хеш,
Гул накард аз мани ғамбахшашу пажмурд фақат.
Кард бо дарду ғами умр мадорову гирист,
Як раҳими дили худ хонд Худорову гирист,
Буд дилпора зи ризқи ками тифлон ҳама умр,
Порагӣ кард куҳан куртаи морову гирист.
Войи ман, будаам асбоби дилозории ў,
Кам расидам зи раҳи дур ба дилдории ў,
Дасти ўро нагирифтам, нашудам ҳампояш,
Нанишастам ба сари бистари бемории ў.
Шаҳри уммеди дилам, модари қишлоқии ман,
Сураи тоқаму тўмори таҳи тоқии ман,
Зиндагӣ дод маро куртаи нав, монд вале
Дили ў пора чу он куртаи қашшоқии ман.
Гар бигирӣ зи ман ўро, дили ман мегирад,
Меҳру маҳ мегирад, ҷону дилам мегиряд,
Эй Худо, зиндагиам баски ҳама додаи ўст,
Надиҳӣ зиндагиаш, зиндагиам мемирад.
Ғам мадеҳ беш аз ин ғамкашу ғамхори маро,
Бар сари сахт нигаҳ дор нигаҳдори маро,
Аз дигар давлати подори маро барпо кун,
Бирасон рўзи шифо модари бемори маро.
Нола кун, мурғи чаман, модари ман бемор аст,
Ҷони ман нест ба тан, модари ман бемор аст,
Дод аз ин дарди куҳан, модари ман бемор аст,
Ҳама хокам ба даҳан, модари ман бемор аст…


Мо ҷумлаем ин дам дудил, дилро чаро пинҳон кунем,
Ҳам сар бари Яздон барем, ҳам гўш бар шайтон кунем.
Рў низ моро оқибат шуд ҳамшумори чашму гўш:
Ҳам гургро ёрӣ диҳем, ҳам гиря бо чўпон кунем.

пешина
аз 235
навбатӣ