Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷўшидаӣ аз чашми тар, эй чашмаи ҷўшон.
Аз шўри диле нусхаӣ, эй рўди хурўшон.
Даъвогари дарёдилӣ ин ҷост чи афзун,
Як қатраи обе набувад лек ба рўшон.
Бар зўри ту, эй бахти сияҳ, чун надиҳам тан,
Аз пунбадилон сохтаӣ пунбабагўшон.
Ҷамъест, саропо ҳама боистаи мирон,
Мирест, саропо ҳама шоистаи мўшон.
Аз мағзи сабук чун шуда як зумра гаронгўш,
Во ҳасрати он шеършунав, пандниюшон.
Аз бода биафтам чу сабукрўҳу гаронсар,
Ҳушёр шавам аз алами бодананўшон.
Дунё ҳама бод асту ҳама бодфурўш аст22
,
Хуш бод дили бодахару бодафурўшон!


Гаҳ зи боғи умр беғам бар хўрем.
Гаҳ ба хашми боғбонаш бархўрем.
Гоҳ-гаҳ ратли гарон бар сар кашем,
Гоҳ-гаҳ гурзи гарон бар сар хўрем.
Гаҳ чу шохи хушк сўзему гаҳе
Печутоби химчаҳои тар хўрем.
Ҳар баду ҳар нек аз мо сар шавад,
Сарпарасте гоҳу гоҳе сархўрем.
Хўрдаем афзун ғами дунёи гил,
Мо ғами дунёи дил камтар хўрем.
Дар амал ғайр аз ғами модар наем,
Дар сухан афзун ғами модар хўрем.
Шуъларо саркўб созем, эй аҷаб,
Пас ба ҳасрат чанги хокистар хўрем.
Баҳри ҳамбар кай бисўзад ҷони мо,
Мо ҳама ғамҳои баҳру бар хўрем!
Токамон бар дод ангури сагак,
Мо фиреб аз шохаи бовар хўрем.
Хушку тармонро, ки аз қисмат расид,
Бо лабони хушку чашми тар хўрем.
Худ ҷаҳонему надонем, эй ҷаҳон,
Мо бад-ин сурат ҷаҳонро дархўрем?!
Аз боғи гул то доғи дил
Мурдаем афзун зи доғи ормонӣ мурдаҳо,
Зардаем андар хазони зиндагиозурдаҳо.
Ҳар баҳорон ёдҳое аз хазон дорад ба дил,
Боғ гўристон бувад аз ҳасрати пажмурдаҳо.
Нисбате моро агар бо санг ҳаст, ин асту бас:
Нест озоре ба кас моро зи санги гурдаҳо.
Баҳри мо, то гармдил бошем ҳар рўзи Худо,
Рўи гарме кофӣ андар олами афсурдаҳо.
Ҳоли ҷонбиспурдаҳоро ҷумла медонанд, лек
Кас намедонад ба дунё ҳоли дилбиспурдаҳо.
Дурдамон дар бар басову дардамон дар сар набуд,
Дардҳое монда моро ин дам аз он дурдаҳо.
Гўӣ, устурдем беғам ёру кореро зи дил,
Нақшҳое монд барҷо з-он ҳама устурдаҳо.
Боғи гул оварда, вопас доғи дил бурдему бас,
Инак, эй даъвогар, он овардаву он бурдаҳо.
22 У стод Рўдакӣ: «Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс…»
Ҳасрати пайванд
Зиндагӣ дар баҳси чуну чандҳо бигзашту рафт,
Даст андар кору по дар бандҳо бигзашту рафт.
Бо шумурдан сарҳисоби доғи дил пайдо нашуд,
Гў ба тахмин – аз сари мо андҳо бигзашту рафт.
Дар ҷаҳоне, к-аз шикастанҳо мураккаб буду ҳаст,
Умрамон дар ҳасрати пайвандҳо бигзашту рафт.
Рафт ними умр дар озурдани мому падар,
Ними дигар бо ғами фарзандҳо бигзашту рафт.
Навҷавонӣ буд шогирде басо беҳавсала,
Дарси мо беҳудаву бо фандҳо бигзашту рафт.
Солҳо омўхтем аз пирҳо тадбирҳо,
Ҳамраҳи он пирҳо он пандҳо бигзашту рафт.
Ҳамраҳи май хўрда будем аз вафо савгандҳо,
Чун хумори бода он савгандҳо бигзашту рафт.
Дарди дандонро бимонад боқии умр ин замон,
Фурсати бедард хўрдан қандҳо бигзашту рафт.
Бин, ки бар нохубии умр ин замон дил бастаем,
Хубиаш чун ҳамраҳи дилбандҳо бигзашту рафт.
Гиряҳо мондаст дар ҷону дил аз нақди ҷаҳон,
Эй дареғ, айёми хандохандҳо бигзашту рафт.
Зиндабод
Зинда бош, эй меҳри ман, дар синаи ман зинда бош,
То абад бар рағми бухлу кинаи ман зинда бош.
Дўстони нав агар гоҳе хиёнат мекунанд,
Содиқо, эй душмани деринаи ман, зинда бош.

пешина
аз 235
навбатӣ