Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Аз эътибори одамӣ кўтоҳ кун суҳбат даме,
Бўзинаем, эй ҷон, биё, худро нахуст инсон кунем.
Кай бошад, эй ҳамҷону дил, кай бошад, эй ҳамобу гил,
Дилро қарини дил кунем, ҷонро қарини ҷон кунем.
Душвор бошад зиндагӣ бо хеш танҳо, оқило,
Бо ҳам биёему даме онро ба ҳам осон кунем.
Дар пуштаҳои ормон гандум бикорем ин замон,
Дунёи умре гушнаро як лаҳза сер аз нон кунем.
Аз дил шикастан ҳар даме паймона бишкастан хуш аст,
Паймонае гиру биё, бо ҳам даме паймон кунем.
Аз дастамон н-ояд агар обод кардан, пас, биё,
Дунёи ҷаҳли хешро аз беху бун вайрон кунем!
Сад тарозу дорӣ, аммо ҳамтарозўям наӣ.
Ройгон кам гў, ки ҳамчавгону ҳамгўям наӣ.
Гарчи бо имои абрў дорӣ афзун обрў,
Бо ҳама ин обрў як гарди абрўям наӣ.
Рўзи бахтам нестӣ чун соя дур аз паҳлуям,
Рўзи сахтам ҳамчу дил аммо ба паҳлўям наӣ.
Осмонӣ гарчи мегўӣ суханҳо дар ҳақам,
Ҳамчу чархи минаӣ ту, чархи минўям наӣ.
Мезанӣ аз рўи дил ҳарфу наӣ боби дилам,
Мезанӣ кўси тамаллуқ, дархури хўям наӣ.
Сарду дилгир ончунон боди мухолиф ҳар замон
Мерасӣ сўям зи ҳар сў, лек ҳамсўям наӣ.
Мешавад з-оби даҳонат даштҳо шодоб, лек
Обрўямро нахоҳӣ, Вахшу Омўям наӣ.
Бемаҳал дар пеши ман дигар мазан лофи маҳал,
Ҳамдилам гар нестӣ, ҳамшаҳру ҳамкўям наӣ.
Оқибат ҳарфи шакарворат диламро мекушад,
Талх бошад ҷумлаи дорў, ту дорўям наӣ.
Даст шўям аз ту, ҷўи зиндагонӣ ҳам шавӣ,
То чунин беобрўӣ, лоиқи рўям наӣ!
Ҳайфи умри дил, ки дар хунҳо гузашт.
Ҳайфи дунё, бо ғами дунҳо гузашт.
Сарҳисоби кори мо пайдо нашуд,
Зиндагӣ бо чанду бо чунҳо гузашт.
Дил даруни сина маҳбус асту умр
Бо талоши сайри берунҳо гузашт.
Буд қонун баҳри мо озодагӣ,
Аз сари мо ҷабри қонунҳо гузашт.
Ҷумла доноии мо шуд ман-манӣ,
Дарсамон бо миму бо нунҳо гузашт.
Чун китоби куҳна рахбишкастаем,
Аз сари мо бори мазмунҳо гузашт.
Қисмати мо ҳосили ширин надод,
Ҷўи мо аз кўҳу ҳомунҳо гузашт.
Лайлие ҳар гоҳ беғам дидаем,
Аз дили мо дарди маҷнунҳо гузашт.
То шуд инсон охир он маймуни мо,
Аз сари мо умри маймунҳо гузашт.
Умри мо гарданкашиҳо низ дошт –
Бо талоши авҷи гардунҳо гузашт.
Бими ба зер омадан
Як роз маро бо ду ҷаҳон бознамонда,
Амроз басо мондаву ҳамроз намонда.
Эй даҳр, намондаст касе аз ту дилобод,
Эй чарх, тане аз ту сарафроз намонда.
Рафтӣ чу нафас зуд, аё умри ҷавонӣ,
Аз пушти туям зўри даву тоз намонда.
Дӣ дар ҳама ҷо сад дари бозам нигарон буд,
Ҷуз хотира имрўз даре боз намонда.
Дар кўдакиам буд басо бозии ширин,
Ҷуз бозии тақдир яке бознамонда.
Бар ҷону дилам ларзаи анҷом расида,
Ҷуз дар ҳавасам лаззати оғоз намонда.
Сад бими ба зер омаданам монда чу шоҳин,
Бар авҷ дигар қуввати парвоз намонда.
Атре зи Самарқанду Бухорои ман имрўз
Ҷуз дар ғазали Хоҷаи Шероз намонда.
Лоқайдиам аз ҳар касу ҳар чиз гузашта,
Ҷуз биму ҳароси ғаму ғаммоз намонда.
Созии ҷаҳон буд муроди ману аз ман
Ҷуз соз дар ин олами носоз намонда.
Он ҳофизи пирам, ки маро аз гузари умр
Овоза басо мондаву овоз намонда.
Дубайтиҳо
Бимонад аз задан гоҳе дили ман,
Бирўяд сад гулу хор аз гили ман,
Муаммоҳо кунад тавлид ин хок
Зи осони ману аз мушкили ман.
Замин ҳасту вале оғозгаҳ нест,
Само ҳасту вале парвозгаҳ нест,
Барои хушгилон – як нозгоҳе,
Барои хушдилон як розгаҳ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё