Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бигўяд зи шоҳони фарёдрас,
Ситезад ба султони нододрас,
Ҳаме ҷаҳд баҳри адолат кунад,
Шаҳони ситампешаро лат кунад…
Аё мурдаву зинда, беҷону зўр,
Аё шоҳи наздику султони дур,
Ҳамин буда тақдири пешониат,
Ки баргашта шуд бахти султониат,
Ба “Шаҳнома” чашми сар андохтӣ,
Аз он қисмати хеш нашнохтӣ,
Надидӣ, ки дунё чи сон бевафост,
Нагуфтӣ: ҷафоҳо ба дунё чарост?
Надонистӣ – андар сарои фиреб
Зи фардо кунӣ хешро бенасиб,
Ситамҳо ба Фирдавсӣ афзун кунӣ,
Худатро зи фирдавс берун кунӣ…
Манам содаву гўямат содатар:
Ҳамоно, ки будӣ шаҳи баҳру бар,
Ба мулкат на фирдавс агар сохтӣ,
Чаро бахти фирдавсиат бохтӣ?!
Агар гармдил менамудӣ варо,
Будат дар дили гарми фардо саро,
Нак аммо ба хоки хунук хуфтаӣ,
Чу хокат зи ҳар бод ошуфтаӣ,
Дареғо аз ин хоки ғафсу хунук,
Куҷо пираҳанҳои гарму тунук?!
Сарӣ аксар андар ҷаҳони хароб
Набуда сари об, буда сароб.
Аё молики чанд рўзи ҷаҳон,
Шаҳаншоҳи ноогаҳу огаҳон,
Зи фарҷом огаҳ нагаштӣ чаро?
Будӣ огаҳ, аз раҳ нагаштӣ чаро?
Ки ин чарх бас қасрро гўр кард,
Басо гўрро қасри маъмур кард,
Басо кохро пуштае хок дид,
Зи хок эй басо боз кох офарид,
Басо тунд бинвишт бар лавҳи гўр:
Бувад шоҳи ин гўр он шоҳи зўр…
Аё мушти хоке, ки дӣ шаҳ будӣ,
Забардасти сад меҳру сад маҳ будӣ,
Замоне зи дунёи пастӣ баро,
Забар шав, аз он зердастӣ баро,
Худатро зи нав Шоҳ Маҳмуд кун,
Даме сўз бехуд, даме дуд кун,
Макун айби ман, гар туӣ додрас,
Ки беайб танҳо Худо ҳасту бас.
Туро ҳарчи гуфтам дар ин анҷуман,
Ғами мову ман буд, набуд мову ман.
Чи ҷои ману мо турову маро,
Ки ҷои туро ман нагирам фаро,
Ки ту худ ҳамониву ман худ ҳамин,
Туӣ дар самову манам дар замин.
Ба наздики пурсандаи ҷовидон,
Ки донад ҳама ошкору ниҳон,
Саволу ҷавоби ту анҷом шуд,
Баду неки ту бар ту инъом шуд.
Сазои амалҳот дар ҷои пеш
Гирифтӣ ту дар он ҷаҳон ҷои хеш…
Пас аз он ҳама умри зеру забар
Зи Фирдавсӣ оё ту дорӣ хабар?
Хабар дорӣ оё, ки ў зинда аст,
Дар ин даҳри подор поянда аст,
Ки шаҳ чун ту афзун расидаст боз,
Чу шоир вале ў ваҳид аст боз.
Баҳои сухан ин ҷаҳонаш бидод,
Худо зиндагӣ ҷовидонаш бидод.
Барояш дари ҳарду дунё кушуд,
Варо сарфарози ду дунё намуд.
Замину замонҳо ба фармон шудаш,
Атои ками ту фаровон шудаш.
Куҷоӣ, бубинӣ, аё заррабин,
Ба чашмони рўшан чу чашми нигин –
Дар ин мулк, дар ину дар он пара
Ситодаст барпо басо пайкара
Ба Фирдавсии пурдили покзод,
Ба он некному ба он некёд.
Ба атрофи он довари мозиат
Бубинам ҳаме рўҳи норозиат,
Гузарҳо зи зеру зи бар мекунӣ,
Бар он марди барпо назар мекунӣ.
Ҳамебинӣ он гўшаро гулфишон,
Дар оғўши гулҳо варо ҷовидон.
Аз ин мешавӣ боз пажмурдатар,
Ба дунёи он зиндадил мурдатар.
Чунин буда расми сарои дурў:
Гаҳе сарфарозӣ, гаҳе сарфурў…
Аё молики ному ҳам номаҳо,
Шаҳаншоҳи ҳангому ҳангомаҳо,
На ман лоиқи чуну чанди туям,
Сазои яке ришханди туям,
Ту шояд ба тундӣ ҳаме ин замон
Ба дил гўӣ андар дили хокдон,
Ки “Эй довари тунду донои ман,
Туӣ бехато аз хатоҳои ман!
Ҳамонем мо боз, дардо, ҳамон,
Ки худро надонем андар замон,
Куҷо дар сари об одил шавем,
Чу аз сар гузашт об, оқил шавем!..
”
Чи гўям, ки ҳаққӣ ту, ман ноҳақам,
Дар ин боб ман то Яман ноҳақам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё