Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Надидӣ, дареғо, варо ончунон,
Нахондӣ варо нек аз он достон,
Задӣ хатти бутлон ба некии хеш,
Туро монд дар пушт некии пеш.
Ҳама нек, к-андар ҷаҳонат будӣ,
Бишуд як сую як су шуд он бадӣ.
Туро шоҳ гуфт, аз ту эҳсон бихост,
Туро абр гуфт, аз ту борон бихост,
На эҳсони ту ҳамнишин омадаш,
На борони ту бар замин омадаш.
Чи шоҳӣ, ки “Шаҳнома” нашнохтӣ,
Чи теғӣ, дами хома нашнохтӣ,
Надонистӣ аз шоиру ори ў,
Натарсидӣ аз шери ашъори ў,
Нагуфтӣ, дилашро ба даст оварам,
Аз ин ҷода бар ҷовидон раҳ барам.
Нагуфтӣ, чаро бо вайат ман-манӣ,
Ки ў шоҳи ҷону ту шоҳи танӣ!
Варо дафтару ҳам туро дафтар аст,
Вале дафтари ў басо бартар аст.
Ба ҳар хом кай хомааш тан диҳад,
Ба гардун куҷо гоҳ гардан ниҳад?!
Сараш гар ба дасти ту аз тан ҷудост,
Сари тарс ўро фақат аз Худост…
Надонистӣ, эй шоҳи нокомдил,
Аё даст берун зи гил, по ба гил,
Чу ў чашмае поку дилсоф нест,
Чу ў размии адлу инсоф нест.
Туро марди ақлат на ҳушдор дод,
Ки, эй шоҳ, доим туро ёд бод,
Худатро ту бо ў мусово магў,
Ки ту номҷўиву ў – номагў!
Шавад номҷў охир аз ном хор,
Шавад номагў оқибат номдор.
Азизаш бидорӣ, шавӣ худ азиз,
Биранҷониаш гар, шавӣ ранҷа низ.
Туро номааш хору хорӣ кунад,
Ҳамат хомааш чўбкорӣ кунад.
Ба сар борадат ҳарфҳо ҳамчу санг,
Кунад қофия тангу ҳоли ту танг.
Бувад то ҷаҳон, чун ту бадном нест,
Ба бадномиат ҳеҷ анҷом нест…
Аё шоҳи мозӣ, аё шоҳи роз,
Кушо ҷониби хеш пайроҳи роз,
Агар нестӣ баддилу бадравон,
Ҳамебоядат шукри он покҷон,
Ки номат нагиранд, эй пешгом,
Ба ҷуз шоҳи даврони он некном.
Чу номаш ҷаҳоне ба некӣ барад,
Туро низ ҳаргуна ёд оварад.
Агар номи ту ҷовидонро сазост,
Аз он порсӣ лафзу он порсост.
Ту чизе, ки ҳастӣ, ба майли вайӣ,
Агар зинданомӣ, туфайли вайӣ.
Чунин аст раҳ зери чархи кабуд,
Ки ҳамзод бошад ҳаме нуру дуд…
Аё он ки будӣ ҳаме тири тахт,
Басо сол шуд, хуфтаӣ зери тахт,
Бигў, чун бувад тахти шоҳаншаҳӣ,
Кашад то куҷо рахти шоҳаншаҳӣ?
Бигў, нахли қудрат чи ҳосил диҳад
Бар аз талху ширину аз неку бад?
Ба ин даҳри номарди бедаступо,
Ки дорад баҷо расми шоҳу гадо,
Бигў, аз чи бедаступо хуфтаӣ,
Шаҳиву бари сад гадо хуфтаӣ?!
Бигў, буда шоҳӣ зи роҳи шитоб
Раҳи обрў не, раҳи рўи об,
К-аз он кас ба манзил нахоҳад расид,
Ниҳолаш ба ҳосил нахоҳад расид.
Бигў боз бар ҷумлаи ҷоҳхоҳ,
Ки дидӣ ту худ: буда сад ҷоҳ чоҳ,
Басо ҷоҳ бо халқ бедод кард,
Бас ободро ҷоҳ барбод кард,
Хирадро надонист аз нохирад,
Чиҳо кард қудрат, чиҳо бо хирад!
Аё шоҳ, зери сарои сипанҷ
Зи кас гар биранҷӣ, зи шоир маранҷ,
Ки ҳар гуфтааш бошад аз сўзи дил,
Мабодо касеро ба сар рўзи дил!
Агар будаам тунд, маъзур дор,
Нахоҳам туро ҳеҷ беэътибор,
Бигўям вале бо ту розе куҳан,
Ки барҷо бувад ҳар замону заман:
Агар шоҳро шоҳ бошад падар,
Макидаст пистони бону агар,
Чунон ҳурмати шири модар кунад,
Ҳамон ҳурмати шеъри дафтар кунад,
Ки ўро ҳамон ҳурмати достон
Ба шир омадасту равад бо равон.
Чи будӣ, суханношинос омадӣ,
Ба хони сухан носипос омадӣ,
Суханҳо шунидиву гаправ шудӣ,
Зи гандум гузаштӣ, пайи ҷав шудӣ,
Наомад туро достон судманд,
Ки ноаслҳоро насозад писанд,
Бихонад касонро пайи асли хеш,
Ба асл одамонро диҳад васли беш.

пешина
аз 235
навбатӣ