Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Вале ин на чуну чарои ман аст,
Ба номи ту, аммо барои ман аст,
Ки барҷо шавад пўзишу сўзишам,
Муфид ояд аз мозӣ омўзишам,
Бидонам, ки дунё на дунӣ бувад,
Пас аз ҳар фузунӣ забунӣ бувад,
Пасу пеши ў гарчи яксон намуд,
Ҷаҳонро пасу пеш яксон набуд.
Ҳамин банда инҳо чи сон гўядат,
На ман гўямат, худ замон гўядат.
Бузург эй шаҳи дўш, узрам пазир,
Манам хурд, бар ман ту хурда магир,
Шуд аз ман-манӣ даҳр мотамсаро,
Сари ман-манӣ нест бо ту маро.
Насиҳат нагуфтам, ки оқил наям,
Ба ҷуз соҳиби як адад дил наям.
Бикардам ду-се сактаро бозгў,
Суханҳои бесакта аз ман маҷў.
Суханҳои бесакта он нома буд,
Асо ҷовидонат ҳамон хома буд.
Вале хурдааст одамӣ шири хом,
Ниюшад кай аз пухта боре калом,
Сияҳбахт кардаш чу чархи кабуд,
Дигар з-ин ҳама мову манҳо чи суд?
Суханро дар ин нукта кўтаҳ кунам,
Шаби ғуссаамро саҳаргаҳ кунам,
Ки барҷо на мову на ман монданист,
Сухан буданиву сухан монданист.
Сухан буд оғозу анҷом низ,
Сухан буд бадномиву ном низ.
Суханро чунин бояд анҷом дод,
Ки кори сухан некфарҷом бод.
На аз мову ман ин сухан будааст,
Сухан бартар аз мову ман будааст…
Мо ҳамонем, ки будем, дигаргун нашудем.
Кам нагаштем зи худ, гарчи ҳам афзун нашудем.
Байни онон, ки ҳама хунталабу хунбалабанд,
Офарин гўй ба мо, ғайри ҷигархун нашудем.
Нангамон омад аз ин ҳол, ки низ одамием,
Лек, номус бубин, гаштаву маймун нашудем.
Ҳамчу Яъқуб дили мост пайи васли азиз,
Аз пайи раҳзани пероҳани гулгун нашудем.
Чун нигаҳ тунд зи чашмон надавидем бурун,
Андарун хун шуда ҳамчун дилу берун нашудем.
Гар ба гардун нашудем, эй дили озода, мачарх,
Зери гардун фалаки мо буда, гар дун нашудем.
Эй ки моро ҳама дам таъна дигаргуна занӣ,
Мо ҳамонем, ки будем, дигаргун нашудем.
Ҳарчи ояд бар сари фарзанди инсон, бигзарад…
Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад.
Ҳайфи он шоме, ки дар талвосаи ҷон бигзарад.
Сайри кайҳон карда кайҳо дигарон, бозомаданд,
Он мабодо, ҳасрати мо ҳам зи кайҳон бигзарад.
Ғунча ҳар субҳе бигўяд сурхрўву сарбаланд:
Файзи бедорӣ, аё эй сахтхобон, бигзарад.
Пеши беморони даврон гў, ки он соат мабод,
То табиб аз ҷо бихезад, вақти дармон бигзарад.
Ғаррагонро гў ба худ бошанд, к-ин даври замон
Бар касон бигзашт, ҳам акнун бар эшон бигзарад.
Бо либоси хештан чандин мабол, эй ҷони ман,
Одамӣ ояд ба даҳр урёну урён бигзарад.
Ҳаҷр ҷонкандан бувад, гар ёр матлуби дил аст,
Марг мушкилтар шавад, гар умр осон бигзарад.
Ҳайфи он меҳмон, ки бо паймона паймонҳо кунад,
Чун хумораш даррасад, аз иззати хон бигзарад.
Ташнаро як шиша об аз ҳавзи Кавсар бартар аст,
Қимати зар дар дукон аз арзиши кон бигзарад.
Ҷумла мавҷуде, ки инсон ояд аз модар нахуст,
Баъди гирудори умр, эй кош, инсон бигзарад.
Пухтагиҳои ҷаҳон аз сўхтанҳои ман аст,
Рўшаниҳояш зи худафрўхтанҳои ман аст.
Он ҳама биноияш бошад зи нури чашми ман,
Ин ҳама доноияш з-омўхтанҳои ман аст.
Ҳаст аз парвози ақли ман чунин волоназар,
Боддастиҳояш аз андўхтанҳои ман аст.
Зиндагонӣ инчунин бе ҷурму бе айбу гуноҳ
Аз назар сўи малоик дўхтанҳои ман аст.
То қиёмат маншаи осоишу ороишаш
Тохтанҳои ман асту тўхтанҳои ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё