Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бар мани вайрона ҳамчун ёдгори бостон
Лаҳзае андеш, эй ағёру ёрам, гиря кун…
Рў ба боғ
Рў ба боғ овардам, боғро хазон кардам,
Бехабар кашидам оҳ, бодро вазон кардам.
Баски пурхазон мондам, гўӣ, аз забон мондам,
Дар даҳони бод, инак, баргро забон кардам.
Тар бишуд маро дида пеши ҷўи хушкида,
Бар гулўи ҷў аз чашм обҳо равон кардам.
Зери бори шабнам шуд сабзаҳои мижгонам,
Қоматам яке хам шуд, сарвро камон кардам.
Барқ гаштаму дидам: рўзгор торик аст,
Раъд гаштаму чанде пуралам фиғон кардам.
Осмон набудам, лек бори осмон бурдам,
Остон набудам, лек кори остон кардам.
Кори мардумон, дидам, ҳеҷ аз дилу ҷон нест,
Додҳо зи дил гуфтам, шикваҳо зи ҷон кардам.
Дидам аҳли даъворо, кўҳашон ҳама коҳ аст,
Кўҳу коҳашонро пуф то ба Каҳкашон кардам.
Чашм бар замин бурдам, дасти кўтаҳам дидам,
Даст бар само додам, рў ба осмон кардам.
Бемаҷоз, чун болам рехт, мушти пар гаштам,
Сўхт ошёнам чун, дар худ ошён кардам.
Бўи ғурбатам бишнид, осмон яке нолид,
Мурғи ошёнҳоро ҷумла ломакон кардам.
Дам задам зи буди хеш, бехабар зи дуди хеш,
Қисматам чу рўшан шуд, гиря шамъсон кардам.
Чанд дарди дил гуфтам пеши зиндагӣ бесуд,
Мурда буд, бечора, зиндааш гумон кардам.
Дидамаш, ки ҷое нест, ин ҷаҳон кироӣ нест,
Бар ҷаҳони худ рафтам, пушт бар ҷаҳон кардам.
Эй нахли тирхўрда, донӣ маро ту бояд,
Ларзидани ту ҳар дам дарди маро физояд.
Хуршед чун нишинад, маҳзуну тирарўӣ,
Пурнуру тоҷдорӣ, хуршед чун барояд.
Тире, ки дар тани туст, шояд на душмани туст,
Сўи манаш замоне андохтанд шояд.
Ўе, ки худ набуд рост, пастат чу худ ҳамехост,
Бо пастиҳои тинат авҷи туро нашояд.
Бар пои хештан бош, имдоди ҷони ман бош,
Эй нахл, агар напоӣ, ҷону дилам напояд.
З-ин боғи тирхўрда пайваста нола бишнав,
Гоҳе даҳони пурхун ҳар ғунчааш кушояд.
Бин аз хазони ҳар гул доғе ба ҷони булбул,
Кай булбуле дар ин боғ бе доғ месарояд?
Як нахл аз дами бод дар боғи ғайр афтод,
Шоху танаш раҳо шуд, бар решааш чи ояд?
Сад нахли уфтода сар бар замин ниҳода,
То нахли зиндагонӣ сар бар само бисояд.
Эй нахл, кош дунё дар поси хотири ту
Сарсабзҳо нишонад, сарсабзҳо бизояд.
З-ин баъд ҷониби ту тире наояд эй кош,
Садҳо паранда чун тир бар шохаат фурояд…
Кохамонро бохтанду хокамонро бехтанд,
Хонамонро тохтанду хунамонро рехтанд.
Ҳар куҷое будамон рўҳе агар, аз раҳ заданд,
Ҷисмамонро бе раҳу рўҳи равон овехтанд.
Хунамонро қатра-қатра дидаву омўхтанд,
Пас бар он хуни ҳароми хешро омехтанд.
Хешро якчанд ёри бонамак ангоштанд,
Дар миёни шўрбахтон шўри нав ангехтанд.
Халқ чун барги хазону халқ чун боди вазон
Чанде аз ҳам рехтанду чанде ҳам бигрехтанд.
……………………………………………………
…………………………………………………….
Сафедор
Гули армони ман дар ин замин хушкид,
Гиёҳи меҳри ман помоли кин хушкид,
Ба киштам ҳар чи буд аз ону ин, хушкид.
Ту мондӣ, як ту танҳо дар замини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Давонда решаҳо дар ҷони ман, охир
Ба боғи ғайр рафта токи ман, бингар,
Ба коми ғайр бошад баъд аз ин дигар.
Фақат як ту ҳамониву ҳамини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Ту умре барқгардони ману моӣ,
Паногоҳи дилу ҷони ману моӣ,
Худ ободиву вайрони ману моӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё