Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷангандози ҷону тан моем.
Куштаи ҷанги мову ман моем.
Нашикастаст шишае чун мо,
Бутпарастони худшикан моем.
Хеши бегонаему бегона
Бо худу асли хештан моем.
Дар ғарибист беватан бисёр,
Дарватанҳои беватан моем.
Ҷуз дифои рисола натвонем,
Номзадҳои фанду фан моем.
Пои бишкаста зери домонем,
Растаи бастаи расан моем.
Анҷуми бахти мост нопайдо,
Гўиё соҳибанҷуман моем.
Хешро душманафкан ангорем,
Худфиребони худфикан моем.
Зери хокем бар муроди касон,
Нав-нав, оваҳ, майи куҳан моем.
Чун бизием? – куштаи хешем,
Чун бимирем? – бекафан моем...


Мурғи ошёнро бин, з-ошёна дартоз аст.
Ҳар раҳе аз ин манзил бекарона дартоз аст.
Норасида бар лабҳо, сози дил ба раҳ мирад,
Сўи марсият ин дам ҳар тарона дартоз аст.
Андар ин диёр имрўз ёру ёрие набвад,
Тир пири мо гашта, тозиёна дартоз аст.
Бе забони роз афтод ҳар куҷо забондоре,
Андар ошёни ў сад забона дартоз аст.
Мурғи мавсимӣ бигрехт з-ин хазони ҷовидон,
Эй аҷаб, к-аз ин манзил мурғи хона дартоз аст.
Пуштае намесабзад, киштае намерўяд,
Обу гил фурў афтод, обу дона дартоз аст…


Соҳати осмон гирифт, гирифт.
Аз карон то карон гирифт, гирифт.
Рустам аз Рахши бодпо афтод,
Ҷои ўро камон гирифт, гирифт.
Осмон бо камони рангинаш
Хокдонро нишон гирифт, гирифт.
Гўри вайронае даҳан во кард:
«Дилам аз зиндагон гирифт, гирифт!..»


Номдоро, ном рафту нангамон дигар намонд.
Фаррамон аз рў париду ҳангамон дигар намонд.
Ҳанг-ҳанги ҷумла бефарҳанг то афлок рафт,
Рўи хок овозаи фарҳангамон дигар намонд.
Рўи сурх аз мо рамиду рафт бо бахти сафед,
Ҷуз сиёҳӣ бар рух ин дам рангамон дигар намонд.
Вой-войи мо чу ношукрии мо аз ҳад гузашт,
Ин замон ҷуз ҳой-ҳой оҳангамон дигар намонд.
Ҳоли моро кард охир танг тангии назар,
Ҷуз дили дар худ фурўву тангамон дигар намонд.
Зери санги мо ба ҳасрат мурд фарзанди падар,
Баҳри лавҳи гўри модар сангамон дигар намонд.
Раҳзанӣ шуд суннати подор дар ин марзу бум,
Ғайри роҳи сангу пои лангамон дигар намонд.
Дар фарои ин кашокаш гўши худ бояд кашид,
Ғайри гўш азбас кунун дар чангамон дигар намонд…
Офтобшин
Зиндагӣ
бо хуни шафақ
бар лавҳи заррини уфуқ
катибае бар гўри боз як офтоб навишт.


Рўзгоро, гиря кун, бар шоми торам гиря кун.
Тирашаб, бар тирагии рўзгорам гиря кун.
Осмоно, хушк кардӣ решаи бахти маро,
Баъд аз ин бо чашми тар бар хушксорам гиря кун.
Шўразори синаам пурлолаи доғи дил аст,
Шўразори оламо, бар лолазорам гиря кун.
Ғунчаҳои орзў дар боғи дил пажмурдаанд,
Эй хазон, бар ғунчаҳои бебаҳорам гиря кун.
Кўдакони ман канори хокро пур кардаанд,
Беканоро, бар тиҳигоҳи канорам гиря кун.
Бадтар аз бегонагон карданд бо ҳам корзор,
Корсозо, то абад бар корзорам гиря кун.
Салму Тўру Эраҷи ман ғарқа дар хуни ҳаманд,
Эй Фаридун, хезу бар анҷоми корам гиря кун.
Кушта Суҳроби маро ҳам даҳр бо дасти падар,
Бо ман, эй Таҳмина, бар он номдорам гиря кун.
Хешсозӣ хостам, бар хешсўзӣ омадам,
Бошууро, бар шууру бар шиорам гиря кун.
Бемадорам, эй фалак, аз гардишат беахтарам,
Бо сиришки ахтаронат бар мадорам гиря кун.
Шамъи уммеди маро хомўш бингар аз қазо,
Чун дилам, эй шамъ, сўзу бар мазорам гиря кун.

пешина
аз 235
навбатӣ