Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дарахти сабзҷони меҳру кини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Баландӣ, аз ҷаҳони тира болоӣ,
Зи нури офтобӣ поки тиллоӣ,
Саропо нурборӣ, нурполоӣ.
Дарахти рўшани нурофарини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Ба паҳнои само наҷво кунӣ умре,
Нигаҳ бар вусъати дунё кунӣ умре,
Ба дуродурҳо имо кунӣ умре…
Аё сарбарфалак, побарзамини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Ба боло рафтанат ҷуз рост рафтан чист?
Ба боло рафтанат ҷуз рост рафтан нест!
Дар ин дунёи каҷ ин гуна бояд зист.
Ба рағми каҷравон андар камини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Қимоб аст ин замон аз ростӣ чандон,
Ки набвад ростӣ, аз ростӣ, осон,
Ҳаметарсам, ки рўзе мешавад, эй ҷон,
Зи дасти рост холӣ остини ман…
Сафедори баланди нозанини ман.
Дар ин ҷо пир худро навҷавон гирад,
Замин худро баланд аз осмон гирад,
Хасу хоре худашро арғувон гирад.
Дурўғ аст ин ҳама, эй ростини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Басо паст аз баландии ту беёд аст,
Басо бодӣ вазон сўи ту чун бод аст,
Бичаспандат ба дандону ба пову даст…
Биафзояд хати чини ҷабини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Чи маҳкам дар раҳи бод истодӣ ту,
Ба рағми худ чи сон гаҳ дилкушодӣ ту -
Табарҳоро худ, охир, даста додӣ ту!
Намемирам аз ин ғам, офарини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Чи мулке – фар бувад бандии фармонаш,
Чи қавме – рафта сўзи пок аз ҷонаш,
Аловат мекунад дар як зимистонаш…
Дареғи ман, дареғи сарзамини ман,
Сафедори баланди нозанини ман.
Эй азизон…19
19 Поччохони Сайфиддин- рўзноманигору тоҷир, Саидмурод Ёриён– рўзноманигор, Анвари Тилло- ҷарроҳи ҷавони
шифохонаи шаҳри Норак, Акбар Шариф- насрнависи ҷавони хушқалам.
Мезадӣ гом сарозод чу, эй Олимпур,
Гўиё мешуд аз озодагиат олам пур,
Аз ҳузури ту ҷаҳони дигаре ҳис мешуд,
Шаҳраки содаи мо Ландану Порис мешуд.
Бо дилу бо рухи бикшодаат, эй Поччохон,
Гуфта будам, ки шавӣ низ ту ҳам Оғохон,
Пур, ки мешуд зи ту ҳар гоҳ дили холии кас,
Мешуд аз дилпурӣ огоҳ дили холии кас.
Ҷуз ба авроқ қалам рондани ту нест ба ёд,
Ба замин сахт қадам мондани ту нест ба ёд,
Гуфта будам, ки туӣ ҳайкали беозорӣ,
Ба чи озор шудӣ кушта ту, эй Сатторӣ?
Ҷориён гар хасу хошок фузун оварда,
Ёриён* ҳарфи дили чок фузун оварда,
Ёрӣ аз ҷумла талаб кардаву ноёрӣ дид,
Хуни дилро зи пайи ҳасрати дил ҷорӣ дид.
Як беҳин ҳамсабақи мактабиам - Бобоқул
Буд нозук ба ҳама аҳли ҷаҳон чун бо гул,
Дид сўи ҳама чун сўи гулу хорӣ дид,
Дур аз озори диле, бин, чи дилозорӣ дид.
Ҳамаро сўхт аламҳои ту, Анвар, Анвар**
,
Ки бувад ҷои ту як манзили торик дигар,
Марҳами захми ҳама будиву ҷўёи даво,
Хок марҳам шуда танҳо тани пурзахми туро.
Навқалам буд фаровону ту дигар будӣ,
Акбар он қадр фузун нест, ту Акбар*** будӣ,
Ту, ки дил доштиву ганҷи сухан дар он дил,
Рафтиву гашт фузунтар зи ту ганҷи таҳи гил.
Худ Латифӣ чу қалам бо қади боло мегашт,
Бас латифӣ, ки зи лутфаш ба сухан ҷо мегашт,
Сарбаландии варо кард тавон сад нома,
Буд сархам фақат ў пеши сухан чун хома.
Эй ҳазорон дигароне, ки ба ҳасрат мурдед,
Аз ҷаҳон хуни дилу нолаву ҳасрат бурдед,
То ки дунёст, саропой дигар хотираед,
Ҳамчу бубрида дарахти басамар хотираед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё