Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бозгашт
Бо осмони бекарон тайёра паҳлў мезанад.
Сад дарди пинҳону аён дар синаам рў мезанад.
Ин ҷо ҳама ноошно, бегона аст ин осмон,
Бенуру сарду бесадо – бегонаанд ин ахтарон.
Сад ахтари бедарду сўз беғам ба ман дорад назар,
Дур аст роҳи ман ҳанўз, шаҳри Душанбе дуртар…
Дар ин шабистон осмон бо ахтаронаш рўшан аст,
Аммо яке аз он миён кай ахтари бахти ман аст?
Бинам ба поён раҳ ба раҳ шаҳри чароғон бешумор,
Ку лек шодиву фараҳ? – Нолад дили ман беқарор.
Як лаҳза хобам мебарад банди хаёлу орзў…
Ногоҳ хобам мепарад – гўё равам дар худ фурў…
Бехуд тапад тайёра ҳам мисли дили ман пурсадо…
Бар дидаам оварда нам ҷазби замини ошно.
По мениҳам бар хоки ў, сар мебарам бар осмон,
Дигар чи бошад орзў, дигар чи бошад ормон?!
Шукронаи ҷону танаш, ҳамҷон марову ҳамтан аст.
Ҳар як чароғи рўшанаш як ахтари бахти ман аст.
Эй ахтари бесўзу дард, шуд низ дарди ман тамом!
Хайр, эй самои поку сард, эй шаҳри уммед, ассалом!
Ҳама корам пушаймонӣ зи пас дошт,
Дилам як нопушаймонӣ ҳавас дошт.
Чу доғе лоларо дар дил гирифтам,
Ба дил ў низ меҳри хору хас дошт.
Асал гуфтам зи шодӣ зиндагиро,
Асал буд он, вале садҳо магас дошт.
Фазо парвозгоҳи ҷовидам буд,
Вале аз бекаронӣ сад қафас дошт.
Чу як тан побапои зиндагонӣ
Дилам дасте зи ҳар сў дастрас дошт.
Зи фарде будаам пайваста ҳайрон,
Ки бо он нокасӣ ин қадр кас дошт.
Ҳумо не, мурғи бахтам достак буд,
Ки умре лона дар зери нигас дошт.
Дилам дар роҳи меҳр аз пой афтод,
Вале меҳре ба ҳар кас дастрас дошт.
Фаровон ҳамнафасҳо диду охир
Дар охир аз нафас як ҳамнафас дошт.
Гуфтам, ки дигар бар касе эрод нагирам,
Беҳуда чу корест, раҳи бод нагирам.
Чун бод давон бигзарам аз бодияи умр,
Чизе зи ҷаҳон дар дилу дар ёд нагирам.
Донам, ки диле додталаб доштаму бас,
Бо додаи Яздон раҳи бедод нагирам.
Ҷўяд чу дилам ишқи пуровозаи ширин,
Ман пеша ҷуз аз тешаи Фарҳод нагирам.
Сад гуфтани якрову яке гуфтани садро
Сад ёд диҳандам, бахудо, ёд нагирам!
Гарде ба дилу хотири ман роҳ наёбад,
Гарде ба ҷуз аз домани устод нагирам!
Селоби хаёл
Мо – хурду бузургон, ки ба ном инсонем,
Дар дасти замона ҳамчу ангуштонем,
Имрўз агар пасту баландӣ дорем,
Фардо, чу бихобем, ҳама яксонем.
Як умр ба зери нанг хоҳам будан,
Дар панҷаи ҳоли танг хоҳам будан,
Анҷоми дилам зи лавҳаи санг бихон –
Як рўз ба зери санг хоҳам будан.
Моро на дили сахттар аз хоро кушт,
Моро на нигоҳи дилбари соро кушт,
Буд ин ҳама кори зиндагонӣ, яъне,
Эй марг, биё, ки зиндагӣ моро кушт!
Ман бурдаву ман бохтаам бо Суханам,
Дунёи диле сохтаам бо Суханам,
Дар олами эътибор худро ҳама дам
Афкандаву афрохтаам бо Суханам.
Бас дарбадарӣ зи ишқи ҷонон кардем,
Дар роҳи вафо гузашт аз ҷон кардем,
Мо мулки вафо намуда обод басо,
Умре дили хеш сахт вайрон кардем.
Аз боғи дилам бўи хазон мешунавам,
Аз сози дилам бўи фиғон мешунавам,
Ҳар рўзи дилам гузошт сўзе боқӣ,
Аз суди дилам бўи зиён мешунавам.
Таб омаду гармиҳои тобамро бурд,
Селоби хаёл омаду хобамро бурд,
Бо ашки ситора шаб бароям бигрист,
Маҳтоб расиду офтобамро бурд.
Афсонаи фанди дагарон мегўем,
Бо рўҳи сабук панди гарон мегўем,
Мо пандшунав наем, ҳайрон нашавед,
Мо панд барои дигарон мегўем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё