Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар бо чашми дил бинед…
Чи ҳасратҳо, ки дар дунёи дун аст,
Шафақ чун синаи ғарқоби хун аст.
Агар бо чашми дил бинед, ёрон,
Замин ҳам осмони сарнагун аст.
Нишони ҳамдиливу дилқаринӣ
Набошад гоҳ-гоҳе ҳамнишинӣ;
Ҳамон бошад нишони дўст, эй дўст,
Ки дар афлок ҳам бошад заминӣ!
Дил, эй дил, муслими мо, габри моӣ,
Шитоби бемисолу сабри моӣ.
Дило, бо ин шукўҳу хоксорӣ
Маҷози қасри мову қабри моӣ.
Дилам афшурдаи дунёи нанг аст,
Замоне бекарону гоҳ танг аст,
Гаҳе дар рўи обу гоҳ зероб –
Пуле болои рўди сулҳу ҷанг аст.
Дар ин дунё чаро дунё биҷўем?
Лаби дарё дили дарё биҷўем!
Нарафта рўҳамон ҳоло чу боло,
Биё, ҳамрўҳу ҳамболо биҷўем!
Диле дорам, ки дилдоре надорад,
Ғаме дорам, ки ғамхоре надорад,
Дар ин давре, ки бехуд мезанад давр,
Саре дорам, ки паргоре надорад!
Намедонам, кӣ ҳастам ман, чи ҳастам,
Ҳазину шодаму ҳушёру мастам,
Чу чашма софу гилолуда чун рўд,
Баланд аз кўҳаму аз хеш пастам.


Куҷо дар розгоҳи сина оҳанги дилам монда? –
Зи оҳанги дилам як оҳи беҳанги дилам монда.
Садафҳои диламро обхези зиндагонӣ бурд,
Зи дарёи дилам осор як санги дилам монда.
Замоне акс мешуд дар дилам ҳусни ҳама дунё,
Аз он дунёнамо ҳасратфизо занги дилам монда.
Ҳавас фаввора мезад аз дилам бо ҳар нафас дирўз,
Нафастангӣ нишон аз ному аз нанги дилам монда.
Маро аз рангҳои орзў садранг дунё буд,
Зи хунафсурдагӣ дилгир як ранги дилам монда.
Ба чангаш буд ҳар дам домани хушқоматон дирўз,
Аз он дамҳо нишон як қомати чанги дилам монда.
Нишони пар задан, парвозгоҳи бекарон ҷустан
Диле бишкастапар дар лонаи танги дилам монда…


Дилро барои ҷисми гарон болу пар кунам,
Бар лаб ғазал ба сўи ғизолон сафар кунам.
То қуллаҳо равам, ки чу хуршед сарфароз
Бо чашми софи чашма ба дунё назар кунам.
Ин осмони кўр набинад чу ҳоли ман,
Бо як ниҳеб гўши варо низ кар кунам!
Аз оҳ сўи ёр яке нома сар диҳам,
Аз кафтари хаёл яке номабар кунам.
Аз равзани ду дидаи саршори меҳри ёр
Бо чашми дил ба ботини покаш назар кунам.
Як шуъла аз рухаш ба дили сарди худ занам,
Ин шамъи мунҷамидшударо шуълавар кунам.
Чун ҷон зи ҳамдамии дил, эй ҷон, ба ҷон расид,
Дигар ҳамон беҳ аст, ки бе дил ба сар кунам!
Дил кофарест, ҳеҷ мусулмон намешавад,
Аммо мабод боз хаёли табар кунам!
Аз мову ман кунам самари меҳри дил талаб,
З-ин баъд тарки мову мани бесамар кунам!


Хуш буд замоне, ки ҷавон будам ман,
Ғофил зи ғаму дарди замон будам ман.
Ҳар ҷой, ки буд хоҳишам, мерафтам,
Бо ҳар ки бихоҳам, бари он будам ман.
Кай, даст ба дил ниҳода, ғам мехўрдам?
Як дастбадасти дилбарон будам ман!
Бо дилбараки ҷавону дар ҳусн аён
Дар гўшаи аз бадон ниҳон будам ман.
Сад бурдаи ҷон ба ў ҳамебахшидам!
Кай дар ғами як бурида нон будам ман?!
Аз тиру камон дилам хабардор набуд,
Ду дида суи тирукамон будам ман.
Эй олами пир, бо ҳама гўй зи ман:
Хуш буд замоне, ки ҷавон будам ман!


Зи хидмат бар ҳама кас ор кардам,
Ҳамеша хидмати ашъор кардам.
Нахуфтам эй басо, аз ҳарфи рўшан
Шабонро субҳи пуранвор кардам.
Худо шоҳид, ки умре дидам озор,
Вале андешаи осор кардам.
На бар дўши касе ман бор гаштам,
На фикри хеш бар кас бор кардам.
Маро тадбир бо тақдир ин буд,
Ки нодаркорро даркор кардам.

пешина
аз 235
навбатӣ