Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро ҳарчанд дунё кард афгор,
Ҷаҳонро ман пур аз афкор кардам!
Нуру соя
Ҳамраҳам
Ҷуз сояам нест…
Ман саропо нурам,
Афсўс,

Огаҳам
Ҷуз сояам нест.


Санги афзун хўрдаам дар умр,
Чун мурдам,
Рўи гўрам
Ёдгорӣ шиша бигзоред!


Соли нав табрик бод, эй ёрҳои куҳнаам!
Шодии нав ёратон, ғамхорҳои куҳнаам!
Хуни нав гўё равон шуд дар куҳанрагҳои дил,
Савти навро бишнавед аз торҳои куҳнаам!
Соли ман нав шуд басо, ҳаргиз вале дигар нашуд
Меҳру Ишқу Ҷону Дил - ҳамкорҳои куҳнаам.
Боми ман дар чордевори ҷаҳон буд номи ман,
Бод барҷо боматон, деворҳои куҳнаам!
Тозагулҳо додаам бар гил дар он соли куҳан,
Гул кунед андар дилам, эй хорҳои куҳнаам!
Зори сўзандоруед, аммо маро ку дар бисот
Ҷуз сухандору, аё беморҳои куҳнаам?!
Соли ман нав мешавад, ман куҳна мемонам вале
Бо ҳама иқрорҳо, инкорҳои куҳнаам.
Меравам бо роҳи Соли Нав чу дар соли куҳан
Рўи дўшам ҷону дил - он борҳои куҳнаам…
Рў ба хуршед
Рў ба хуршед нишинам ба ҳамон хушдидӣ,
Ба ҳамон беғашиву покии навтавлидӣ.
Рў ба хуршед нишинам, ки паси сар бишавад
Шаби зулмонии пур аз аламу навмедӣ.
Рў ба хуршед нишинам чу ба тифлӣ шаби ид,
То ки як рўзи пуранвор биёрад идӣ.
Рў ба хуршед кунам тоқати ҳабси шаби тор,
Ки раҳоям кунад охир чу яке таъбидӣ.
Рў ба хуршед нишинам, ки сарафроз шавам,
Биравад сархамии содаи маҷнунбедӣ.
Рў ба хуршед нишинам, ки зи заррин ҷомаш
Бишавад базми умеди дили ман ҷамшедӣ.
Рў ба хуршед нишинам, бираҳам аз шаби тор,
Рў ба хуршед нишинам, ки шавам хуршедӣ…
Як замон…
Як замон
Дар ин ҷаҳони пургуноҳ
Як ҷаҳони бегуноҳам буд,
Рўи ғофил аз сияҳрўӣ,
Мўи беш аз сад сияҳрўӣ сиёҳам буд.
Як замон
Бехабар будам ман аз бераҳмии дунё,
Бехабар будам ман аз гургии одамҳо,
Аз тамоми зўрҳо ман зўртар будам,
Аз ҳама манзурҳо манзуртар будам –
Модарам пушту паноҳам буд.
Як замон
Аз кулаҳдорон набудам ман,
Аз гунаҳдорон набудам ман,
Сарбараҳна,
Побараҳна,
Сода мегаштам,
По ба Роҳи Каҳкашон бинҳода мегаштам;
Барфу борон бар сарам мезад,
Санги ноёрону ёрон бар сарам мезад,
Ман валекин
Будам эмин аз ҳама бад,
Офтобам ҳам намезад –
Дасти пурмеҳри падар танҳо кулоҳам буд.
Як замон
Пушти чизе ман нагаштам,
Лек пушти одамин гаштам,
Дар яке ман ҳусни худро дидаму бо ў қарин гаштам,
Дар яке ман қубҳи худро дидаму хоки замин гаштам;
Дар ҷаҳон
Одам фақат оинаи суду савобам буд,
Дар ҷаҳон
Одам фақат оинаи айбу гуноҳам буд.
Гарчи гоҳе низ ноёри замон будам,
Бетаваққуф лек ман ёри занон будам,
Рўзҳои бенасиб аз офтобам,
Шомҳои бенасиб аз моҳтобам
Моҳрўи меҳрубоне меҳру моҳам буд.
Бо бутон наздик,
Лек
Аз бутпарастӣ дур будам,
Диданӣ чашми дили ман
Бар дили ҳар чиз медид,
Беш аз ман,
Беш аз чашми сари ман низ медид,
Барги коҳе гаҳ баланд аз ҷумла кўҳам буд,
Кўҳ гоҳе пасттар аз барги коҳам буд.
Аз баландиҳои гаҳ-гоҳам наболидам,
Дар ҳама ҷо
Хештанро
Ҳамрадифи дигарон дидам,
Қаъри чоҳам гоҳ-гоҳе авҷи қулла,
Авҷи қулла гоҳ-гоҳе қаъри чоҳам буд.
Ман чи гўям ин замон аз буду аз нобуди худ акнун,
Ман чи гўям ин замон аз оташу аз дуди худ акнун –
Шеърам, охир, худ гувоҳам буд.
Ростӣ як умр корам буд,
Ростӣ як умр роҳам буд,
Ғайри дил,
Ғайри муҳаббат,
Ғайри ҳақ,
Ғайри ҳақиқат
Қарздор аз кас набудам ман,
Қарздор аз кас нахоҳам буд!

пешина
аз 235
навбатӣ