Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ҳеҷ пайдо мешавӣ, Аз зарра дунё мешавӣ, Чун мурғи оташ ҳар замон Аз хеш эҳё мешавӣ.
Эй ишқ, эй қодиртарин, Эй ғоиби ҳозиртарин.
Аз хоки раҳ зар медиҳӣ, Бар бесар афсар медиҳӣ, Дар осмони орзў Беболро пар медиҳӣ.
Эй ишқ, эй қодиртарин, Афсунгари соҳиртарин.
Чун тифли ғофил мерасӣ, Чун пири оқил мерасӣ, Бо роҳи мушкил оқибат Бар хидмати дил мерасӣ.
Эй ишқ, эй қодиртарин, Нодиртар аз нодиртарин.
Сарро ба соҳил мезанӣ, Бар обу бар гил мезанӣ, Бешак, беҳ аз ҷонӣ, вале Гаҳ-гоҳ бар дил мезанӣ!
Эй ишқ, эй қодиртарин, Бетоқати собиртарин.
Дилро ту мафтун мекунӣ, Ҷонро ту афсун мекунӣ, Дунёи ноҳамворро Бисёр мавзун мекунӣ.
Эй ишқ, эй қодиртарин, Эй шоири шоиртарин!


Туро, эй бехудо, бар ман Худо бахшид, медонӣ?
Заминӣ бандаи худро само бахшид, медонӣ?
Ҷудо бинмуда баҳри ман туро аз байни хушгилҳо, Зи хушбахтон маро бахти ҷудо бахшид, медонӣ?
Дуоҳои дилам чун аз саро то бар Сурайё рафт, Сурайёе маро дар ин саро бахшид, медонӣ?
Ба кўри хештан ду чашми бино инак эҳдо кард, Ба лоли хештан охир садо бахшид, медонӣ?
Барои ҳар гуноҳам карда маҳрум аз висоли ту, Зи дўзах огаҳам карду ҷазо бахшид, медонӣ?
Гузашта аз гунаҳҳоям, шудӣ чун меҳрубонам боз, Худои меҳрубон гўё маро бахшид, медонӣ?
Ба номаш ибтидо кардам ҷаҳони орзўямро, Ҷаҳонро баҳри ман то интиҳо бахшид, медонӣ?
Яке бахши заминӣ хостам, бахти самоӣ дод, Чиҳо мехостам, бар ман чиҳо бахшид, медонӣ?!
Монанди баҳорон Ту монанди баҳорон омадӣ, эй гул, Саропо чун ҳавои баъди борон омадӣ, эй гул; Чу бўи гул ту аз роҳи нафас бар ҷон шудӣ ворид, Аё эй орзўи мушкилам, Бар ҳастиам осон шудӣ ворид; Зимистонро зи ман рондиву дилгармӣ ато кардӣ, Мани дилмурдаро аз сад мазори орзўи ман садо кардӣ; Дилам аз нахли қаддат меваҳои бегазандӣ чид, Дилам бар пойи ту афтоду файзи сарбаландӣ дид…
Баҳори ман, Зимистон сахт сарду тирадил будам, Аз он будам хиҷил будам, Ки ногаҳ омадӣ бо чеҳраи сабзат, Ба чашми дил, ба мағзи ҷон бишуд ҷо чеҳраи сабзат; Дилам ҷавлонгаҳи фасли баҳорон шуд дигар бо ту, Саропо чун ҳавои баъди борон шуд дигар бо ту, Дили танҳову хомўшам Пурово чун ҳазорон шуд дигар бо ту…
Аё эй осмони ҳафтуми бахтам, Аё дунёи андар бахти дунёӣ гуми бахтам, Расидӣ аз қазову нарм печидӣ Ту ҳамчун токи сарсабзе ба ҷисми чун сафедорам Ва кардӣ аз шароби печутобат сахт саршорам…
Ту монанди баҳорон омадӣ, эй гул, Ба дунёям чу барқ оташ задӣ, эй гул, Ҷаҳони тираам ногоҳ рўшан шуд, Тамоми нуру нори даҳр аз ман шуд, Хазонрези вуҷудам гулбадоман шуд…
…Ту монанди баҳорон омадӣ, эй гул…
Барои хонуме, ки ба шеър бовар намекунад Саҳро ҷома надорад?
Аз ғами чун ту лоларухон ҷома намедаронад?
Бирав,
Эй афлокӣ, Домани хокро бубин – Лолаи гиребончокро бубин!


Ту ҳар гаҳ мешитобидӣ ба сўям, Намегунҷид дил дар синаи ман, Ҳама ганҷи ҷаҳон хас буд пешам, Ту будӣ дар ҷаҳон ганҷинаи ман.
Ман андар зиндагии кўтаҳи хеш Ба пеши ҳеҷ кас сар хам накардам, Фақат сар дар қадамҳои ту мондам, Фақат сар пеши поҳои ту бурдам.
Дилам дар роҳи ишқи содаи ту Қадам бинҳодаву поянда мешуд, Барои ҳар сухан, ҳар хандаи ту Дилам мемурду аз нав зинда мешуд.

пешина
аз 235
навбатӣ