Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чи кўтаҳ буд бо ҳам будани мо,
Висоли мо басо бошаст мерафт,
Зи дастам ҳар гаҳе мерафт дастат,
Хаёлам, зиндагӣ аз даст мерафт.
Ба сўям даст меафшонд бахтам,
Чу сўям даст меафшондӣ, эй гул,
Ба лабханде, ба нозе, бо нигоҳе
Ба ҷонам нақшҳо мемондӣ, эй гул.
Мани дилдода, худро бурда аз ёд,
Саропои туро азёд кардам,
Зи ёди хеш бурдам зиндагиро,
Ҳама ҷои туро азёд кардам…
Ту кардӣ, эй накўном, эй накўдил,
Зи бахти нек огоҳам ба дунё,
Худои бахти ман будиву умре
Туро хушбахт мехоҳам ба дунё.
Аё эй нармдил, дар даҳри сангин
Пари қу бод раҳҳо зери поят,
Амон бодо ҳамеша хонаи ту,
Амон бодо фариштабаччаҳоят.
Бимонӣ дар ҷаҳон сад соли дигар,
Бимонӣ - рамзи зебоиву покӣ,
Бимонӣ чун фаришта поку мағрур,
Бимонӣ рашки инсонҳои хокӣ.
Агар дар марги ман ногаҳ биёӣ,
Дар ин дунё дигар армон надорам,
Туро ман гуфтаам, то он ки будам,
Туро ман гуфтаву ҷон месупорам.
Аё эй боиси рўсурхии дил,
Аё эй боиси рўзардии дил,
Ту будӣ Марди роҳи ишқ, эй Зан,
Бубахшо мардию номардии дил!


Ман саропо оқибат дил мешавам,
Дар сари мўят ҳамоил мешавам.
Гарчи ширинзиндагонӣ нестам,
Бо ту, эй шириншамоил, мешавам!
Ҳар гаҳе бинам туро, бори дигар
Ман ба завқи хеш қоил мешавам!
Аз камоли ҳуснат, эй моҳи тамом,
Бо ҳама ин нуқс комил мешавам.
Мегузорам пайравии ҷумларо,
Пайрави ту – пайрави дил мешавам.
Хушгилӣ чандон, ки охир аз ҳавас
Дар сари кўят таҳи гил мешавам…


Ман ҳамонам, ки ба сад ноз ту мехостиям,
Бо каму беши дил афзудаву мекостиям.
Ман ҳамонам, ки ту будӣ ҳама дам мунтазирам,
Гоҳ хуррамдилу гоҳе баалам мунтазирам.
Ман ҳамонам, ки дилам дур зи ту менолид,
Мерасидӣ ба барам, ҷону дилам меболид.
Ман ҳамонам, ки нигоҳам ба қадат гул мерехт,
Ба ду гўшам зи лабат чаҳ-чаҳи булбул мерехт.
Ман ҳамонам, ки бару дўши туро дар бар дошт,
Ман ҳамонам, ки кафи пои туро бар сар дошт.
Ман ҳамонам, ки калиди дили ту дар дастам,
Аз дари дўст калиди дигаре меҷустам,
То дари хилвати мо боз шавад бар рухи мо,
Сўи мо баста шавад чашми замин, чашми само.
Ман ҳамонам, ки лабонат ба лабонам буданд,
Чашму рўят ҳама шаб шамъи шабонам буданд.
Ман ҳамонам, ки ба ҷонам ғами ширини ту монд,
Дар танам бўи хуши бистару болини ту монд…


Аё эй мурғи бахти ман, чи хуш рафтор мекардӣ,
Заминро аз хироми хеш миннатдор мекардӣ.
Гаҳе меомадӣ, бо ту ҳамеомад тарабҳоям,
Ту дар он байн кори шамъи пуранвор мекардӣ.
Гаҳе аз боғ мегуфтӣ, гаҳе аз доғ мегуфтӣ,
Маро бо шодиву бо ҳасрати худ ёр мекардӣ.
Батакрор аз муҳаббат баҳри ман афсона мехондӣ,
Ба ҳар афсона як афсуни нотакрор мекардӣ.
Ҳама меҳри ҷаҳонро чун ба ман медоштӣ арзон,
Ҳама ҷабри ҷаҳонро нисбати ағёр мекардӣ.
Ҳама шоми маро пайваста нури субҳ медодӣ,
Ҳама субҳи варо пайваста шоми тор мекардӣ.
Чунон аз рўю бўят ҷони ман лабрез мегардид,
Ки гулро дар нигоҳи гулпарастам хор мекардӣ.


Бароят ман шудам хуни ҷигар, нашнохтӣ қадрам.
Фишондам дар раҳат нури басар, нашнохтӣ қадрам.
Зи дарди дил расидам гаҳ ба ҷон, эй ҷон, нафаҳмидӣ,
Расидам пеши поҳоят ба сар, нашнохтӣ қадрам.
Магў, бар ошёни ҳафтумат осон расидам ман,
Дар ин раҳ рехтам бас болу пар, нашнохтӣ қадрам.

пешина
аз 235
навбатӣ