Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Танам буд аз бароят пушти дар шабҳову боке нест,
Дилам шуд аз бароят дарбадар, нашнохтӣ қадрам.
Ба ғайри ман кӣ ин сон кард манзури назарҳоят,
Ба ман бастӣ вале роҳи назар, нашнохтӣ қадрам.
Бигуфтам пеши ту бо ҳалқи хушк: обу адо гаштам,
Бигўям пеши ту бо чашми тар: нашнохтӣ қадрам.
Худо кўрам кунад, боре агар нашнохтам қадрат,
Худо қадри ту нашносад, агар нашнохтӣ қадрам.
Шиносӣ то ки қадрам, сўзадат ҷону ҷигар, эй кош,
Ки месўзад маро ҷону ҷигар… Нашнохтӣ қадрам.
Гапи куҳна
Узр аз ин куҳнагапӣ –
Дили моро,
Ки сари зонуи ту кундаи қатли ҳавас аст,
Чашми хунхоҳи ту ҷаллод бас аст!
Дари умеду орзў маро канори бози туст,
Беҳин навозиши дилам нигоҳи дилнавози туст.
Ҷаҳони бекарони ман – канори беканори ту,
Дили пурам ба зиндагӣ ду чашми пур зи рози туст.
Фарозу шеби ту раҳе ба сўи сарфарозӣ аст,
Сари фарози умри ман вуҷуди сарфарози туст.
Агарчи сўхт рўзу шаб, валек хом монд дил,
Ҳанўз толиби туву нигоҳи дилгудози туст.
Маро самои зиндагӣ – ду чашми осмониат,
Маро ду боли зиндагӣ ниёзи туст, нози туст.
Ҳаёт рафту маъниаш валек дар хаёл монд:
Ҳаёти ман иборат аз гуселу пешвози туст!
Духтари афсона
Ту бо афсуни овою нигоҳат
Маро дилбастаи афсона кардӣ,
Гусаста аз парешонӣ диламро,
Яке пайвастаи афсона кардӣ.
Ман аз чашмони маҳзуни ту дидам:
Чи шодиҳост дар афсона пинҳон,
Чи хушрўзӣ ту дар афсонаи хеш,
Чи хушбахтӣ ту дар дунёи тифлон!
Ба ин дунё биёяд ҳар диле шод,
Пур аз афсонаву пур аз тарона,
Дареғо, бишканад гар шишаи дил
Зи дилсангии афзуни замона.
Ту аз сангиндилиҳои ҳақиқат
Ниҳон дар олами афсона ҳастӣ,
Даме фориғ зи ғавғои иҷора,
Ту дар афсона соҳибхона ҳастӣ.
Мураккаб зиндагиро сода созӣ
Ту бо афсонаҳои содаи хеш,
Ту бо афсонаҳоят сарбаландӣ
Ба пеши қисмати афтодаи хеш.
Чу по бар олами афсона монӣ,
Зи хушбахтӣ дурахшад дидаҳоят,
Ту бар тифлон гаҳе афсона гўӣ,
Расад бар гўши дунёе садоят!
Дили ман ҳам ба мисли кўдакон аст,
Бигў афсонаҳо баҳри дили ман,
Бубар бар олами афсонаҳоям,
Аё афсонагўи хушгили ман!
Кунӣ ҳар шом бо афсонаи хеш
Ба роҳи покдилҳо нурпошӣ.
Ту як шаҳдухтари афсонаҳоӣ,
Чу дар афсонаҳо хушбахт бошӣ!
Ман Шуморо дўст медорам
Ман Шуморо дўст медорам
Ҳамчуноне Вомиқ Узроро.
Ман Шуморо дўст медорам
Ҳамчуноне Қайс Лайлоро.
Ман Шуморо дўст медорам
Ҳамчуноне дил тапиданро,
Ҳамчуноне гўш оворо,
Ҳамчуноне дида диданро.
Ман Шуморо дўст медорам
Ҳамчуноне сабза боронро,
Ҳамчуноне барф сарморо,
Ҳамчуноне гул баҳоронро.
Ман Шуморо дўст медорам
Ҳамчуноне рўд маҷроро,
Ҳамчуноне ханда лабҳоро,
Ҳамчуноне бод саҳроро.
Ман Шуморо дўст медорам
Ҳамчуноне пойҳо раҳро,
Ҳамчуноне осмон маҳро,
Ҳамчуноне каҳрабо каҳро.
Ман Шуморо дўст медорам
Ҳамчуноне роҳ бурданро,
Ҳамчуноне хирс хуфтанро,
Ҳамчуноне гов хўрданро!
Ҳар қадар гўям аз ин гапҳо,
Он қадар маҳкуми такрорам,
Ҳарфи нотакрори ман ин аст:
Ман Шуморо дўст медорам!
Ишқи мо буд, афсўс,
Хешии боду чароғ,
Улфати захму намак,
Ҳамдамии ғаму сур,
Ёрии шишаву санг…
Далел
Гиряам моли дил аст,
Гар надорӣ бовар,
Ба шабеҳии дилу ашк нигар.
Ба ёди субҳи пуранвор маъзурам бидор, эй гул.
Ба ёди шомҳои тор маъзурам бидор, эй гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё