Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Бубахшо баҳри ман нўши гулу нўши гулобатро,
Барои нешҳои хор маъзурам бидор, эй гул.
Зи ишқ осор монам гуфтаму озорҳо мондам,
Барои он ҳама озор маъзурам бидор, эй гул.
Ман аз он меҳри нотакрор ботакрор мегўям,
Барои ин ҳама такрор маъзурам бидор, эй гул.
Сухан бисёр дорам дар сипоси ишқи покат, лек
Надорам қуввати гуфтор, маъзурам бидор, эй гул.
Зи ҳар дасте, ки даври гарданат мепечад аз ин пас,
Дилам тарсад чу аз як мор…
Маъзурам бидор, эй гул…
На графам ман,
На графоман,
Дорам вале беҳтарин роман:
Романе бо ту –
Ки надорад як ҳарфу ҳиҷои нобарҷой…
Нанавишта чунин роман ҳатто граф Толстой!
Бе ту
Ойина дар манзили ман
Буд ҳамқомати як танҳоӣ.
Чун туро диду башавқ
Танг оғўшат кард,
Гашт ҳамқомати як зебоӣ!
Ишқ бодо!
Ишқ боду алами ишқ мабод,
Шодиаш боду ғами ишқ мабод,
Роҳ ҷуз печу хами ишқ мабод,
Умр ҷуз бешу ками ишқ мабод!
Ишқ бодо ба ҷаҳон ёвари дил,
Зўри парвозашу болу пари дил,
Ҳамчу афсонаи беохири дил
Ишқ бодо фараҳи дил, фари дил!
Ишқ ҳамроҳи ҳама дил бодо,
Ёри дилхоҳи ҳама дил бодо,
Як дилогоҳи ҳама дил бодо,
Меҳри дил, моҳи ҳама дил бодо!
Дар марги ишқ…
Дар марги ишқ, эй мурдадил,
Дигар чи афшонӣ сиришк? –
Кам бошад андар марги ишқ
Сад абри боронӣ сиришк!
Ёди айёме, ки бар лаб ҷуз суруди дил набуд,
Ҳар дурудам бар азизон ҷуз дуруди дил набуд.
Умри дилро аз ҳисоби умр мекардам зиёд,
Гарчи аз бозори ишқам фикри суди дил набуд.
Дер меомад даме дилдор, дил мемурд зуд,
Ҳеҷ зуду дер ҳамчун деру зуди дил набуд.
Кай ниёиш будаш аз ҷон ҷуз ба хуршеди рухе,
Низ ҷуз бар қомати қадде суҷуди дил набуд.
Дардро дар худ фурў мебурд бе оҳу фиғон,
Нолаи бедард кардан ҳеҷ муди дил набуд.
Ҷуз ғурубу ҷуз тулўъи офтоби рўи ёр
Иқтибоси беҳтари авҷу фуруди дил набуд!
Кори дил аз дасти ёр андар ҷаҳони нуру нор
Буд рўшан сўхтан… Ин кўрдуди дил набуд…
Шаҳр хобу дили одамҳо хоб,
Шаҳр тангу дили одамҳо танг,
Дар дили поку ҳавасноки ту буд
Ишқ бо одати дерина ба ҷанг.
Ишқ дар ҷони ту исёнҳо дошт,
Дилу ҷонат зи ҳавас меларзид,
Оваҳ аммо, зи сияҳандешон
Чашмҳои сияҳат метарсид.
Чун ту тарсида қадам мемондӣ,
Ишқ тарсида қадамҳо мемонд,
Аз ҳама каҷдиливу каҷфаҳмӣ
Дар дили ишқ аламҳо мемонд.
Дили поки ту ҳавасҳо мехост,
Дили поки ту муҳаббат меҷуст,
Аз ҳама олами ғавғову касиф
Гўшаи беғашу хилват меҷуст.
Гузарам аз бари меҳмонхона,
Оядам ёд, ки ин буд, он буд,
Бо дили пуралами худ гўям:
«Ишқи мо низ ба дил меҳмон буд…»
Байти абрўи туро мехондам,
Шармам аз байти худам меомад,
Чун накўии туро медидам,
Аз ҳама нек бадам меомад.
Шуд маро орзу аз он лаҳза –
Чун ту як байти равон гўям кош…
Сатре чун амри дилам монда ба ёд:
«Ҷону дилро ҳама бинмой фидош!»
Ҳар садои ту ба гўши дили ман,
Розҳоят ҳама дар ёди ман аст,
Чанд сатре зи ту дар дафтари дил,
Донаи хирмани барбоди ман аст:
«Ҳар гаҳе зиндагиат озорад,
Ёд кун аз дили беозорам,
Ҳар гаҳе зиндагиат кам бинад,
Ёд кун аз ҳаваси бисёрам!»
Чи замон рафту чи даврон омад,
Ту куҷо рафтию ман монда куҷо,
Ман, ки худ рафтаам аз ёди худам,
Мекунам ёд туро, ёд туро…
Карда гум ишқи дилангези туро,
Гум дар ин олами мушкил шудаам,
Дили девона гувоҳӣ диҳадам:
Он гаҳ оӣ, ки таҳи гил шудаам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё