Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Кард аз ҳусни ҷаҳон огоҳам
Дили оинаи хушоинат,
Гашт ганҷинаи кўҳи дили ман Ғами рўшан, ғами пуртаскинат.
Шукр, сад шукр, ки дар олами тор Ишқи ту ҷони маро рўшан кард, Он ҳама меҳри ниҳон, ишқи ниҳон Чи ҷаҳонҳо, ки аён дар ман кард…
Як ҷуфт чашм
Мо – ду тан як ҷуфт чашмем, Некбину поку бехашмем.
Зиндагиро
Мо – ду тан
Як хел мебинем.
Ашкамон аз рў бишорад гар,
Раҳи як сел мебинем.
Мо – ду тан
Бар ҳамдигар бисёр мешоем,
Мо – ду тан
Бо ҳам чунин барҷову биноем, Лек бо ҳам мо – ду тан ҳаргиз намеоем…
Дўсташ медорам, эй мардум!
Нест обӣ чашми ў, эй об,
Чун ту дорад лек сад гирдоб; Нест бодӣ ў, вале, эй бод,
Дода дунёи маро барбод;
Ҳарчи ҳаст ў, бе чаро, бе чун Дўсташ медорам, эй мардум!
Нест ў моҳи само, эй моҳ,
Бо баландиву зиё аммо
Рўшану бартар зи маҳтоб аст; Фикри пайдову ниҳонаш нест, Он қадар дилҷўю дилёб аст;
Бахти бедор аз ҳаё пешаш
Субҳ то шаб мисли маҳ хоб аст; Ҳамчу бахти хоби сардаргум
Дўсташ медорам, эй мардум!
Кам хўр, эй наҷми самоҳо, ғам, Нест ў наҷми самоҳо ҳам;
Ахтари бурҷи фалак ҳам нест, Лек ҷояш аз малак кам нест!
Чун малак, чун моҳ, чун анҷум Дўсташ медорам, эй мардум!
Нест наргис гарчи, эй наргис, Мекунӣ ҳоли маро ту ҳис? –
Карда ў бо як нигаҳ мастам!
Гарчи дар пеши ҳама ҳастам, Рафта ман бе пой аз дастам!
Ман сабўҳихоҳу бе ў ҳаст
Ин ҷаҳон ҳамчун тиҳӣ як хум…
Дўсташ медорам, эй мардум!
Эй намакноошно, хомуш,
Бенамакро ман надорам хуш;
Дар ҷаҳон кони намак кам нест, Мисли ў ширин намак ҳам нест!
Ин манам бар таъми ў мафтун…
Дўсташ медорам, эй мардум!
Нест, эй афсонаи зебо,
Ҳусни ў афсона дар дунё;
Хусраво, асли сухан ин аст:
Ў на Ширин, сахт ширин аст!
Вомиқо, ҳам аз ту мехоҳам
Узрҳо - ў нест Узро ҳам!
Нест Лайлӣ, лек чун Маҷнун
Дўсташ медорам, эй мардум!
Нест гандум ёрам, эй гандум, Лек дар дил корам, эй гандум, Донаи меҳру вафояшро,
Ғам бичинам – хўшаҳояшро…
Гушнаам ман, гушна, эй мардум, Аз бароям рўи ў нон аст,
Аз кӣ охир боз пинҳон аст:
Баҳри ў дил аз ҳама кандам, Ҷаннатамро баҳраш афкандам!
Чун гули нон,
Чун гули гандум
Дўсташ медорам, эй мардум!
Дўсташ медорам, эй мардум!
Ту субҳи бахти маниву сафои ҷони манӣ, Ту нури чашми маниву зиёи ҷони манӣ.
Шукуфад аз қадамат ғунчаҳои доғи дилам, Ту дар кавири тани ман сабои ҷони манӣ.
Маро зибаски баҳои гаронтар аз ҷон нест, Маранҷ, гўям агар: ҳамбаҳои ҷони манӣ.
Садои ҳамчу сурўши туро гаҳе шунавам, Дилам зи шавқ биларзад: садои ҷони манӣ.
Ҳазор шукр Худоро, ки бо инояти ў Худои қалби маниву худои ҷони манӣ.
Манам барои чи, эй ҷон, аён намедонам, Ту лек, ҳаст аёнам: барои ҷони манӣ!
Мани дилмурда аз ғамҳои дунёро Ту аз нав зинда кун, эй гул.
Ба сўям болҳои дастҳоятро парафшон кун, Ба рўям мўйҳои мушкбўятро парешон кун, Диламро андаруни синаи ҳамчун зимистонам баҳорон деҳ, Ба марзи хушки умри ман умеди файзи борон деҳ, Маро, к-афсурдаам аз ноумедиҳои дил кайҳо, Ту аз нав зинда кун, эй гул.
Туро ман ҳар шабе дар хоб медидам Ва бо ту решаи уммедҳоямро зи нав дар об медидам, Туро ҳар рўз меҷустам
Ва, ҳар гоҳе туро меёфтам,
Аз шавқи дил ҳамчун гули худрўи кўҳ Саропо гулфишон мешуд дили ман, ҷони ман, эй гул, Ҳама барги гули армони ман гўё забон мешуд, Ки гўяд розҳо бо ту,
Диҳад овозҳо бо ту,
Вале медидам аз нав:
Пеши ҳуснат,
Пеши ақлат,
Пеши дастат,
Пеши поят,
Пеши ҳар ҷузви расоят,
Пеши оҳат,
Пеши дардат,
Пеши ҳар лабхандаи ҳамчун давоят, Пеши чашмони хуморолудаат,
Пеши тамоми будаву нобудаат Чун лол мешуд ҳар сухан, эй гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё