Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Одамо!
Баъди ту дар ин дунё
Фақат одамгариат мемонад!
Бигзарад довариат,
Ҳама ин сарвариву бесариат, Одамо, худ ба яқин мегузарӣ, Нагзарад кошки одамгариат!
Одамо!
Баъди ту дар ин дунё
Кай сарафкандагиву сарвариат мемонад?!
Одамо!
Баъди ту дар ин дунё
Фақат одамгариат мемонад!
Дар Самарқанд
Дарахте ҳаст,
Ки танҳо обрўи Регистон
Метавонад шодобаш кунад.
Санге ҳаст,
Ки танҳо
Чак-чаки қатраҳои нигоҳи обии охирин суғдидухтар Метавонад обаш кунад.
Хоме ҳаст,
Ки пухтагии самарқандӣ ҳосили хомии ўст.
Талхкоме ҳаст,
Ки як ширинлаҳнии самарқандӣ Давои талхкомии ўст.
Ин дам, ки ҳама пухта,
Ҳама қанд аст,
Ҳама некўст,
Аз ин беш
Чи метавон гуфт, эй дўст?!
Гули тагбарфӣ
Марсияи Мунираи ноком
Баҳор буд
Ва гулу гиёҳ аз ҳабси хок берун мешуданд, Ки қисмат туро абадан ба ҳабси хок маҳкум кард, Вале ту, ки ба ин маҳкумӣ сазовор набудӣ, Дар ҳабси хок исён кардӣ Ва ба сурати гуле аз хок сар кашидӣ.
Нусхаи туст ин гулак,
Хоҳари азизи ман аст:
Аз боди хазон ҳаросон,
Аз нафаси сармо ларзон…
Эй гули тагбарфӣ, афсўс, Эй гули тагбарфӣ, афсўс, Лаҳзае бар коми дил нашкуфта, зери барф мондӣ, Бо даҳони ғунчаат аз гулшукуфти зиндагонӣ Ҳарфаке ногуфта, зери барф мондӣ.
Ман ҳам, эй гул,
Чун ту ҳастам –
Ғунчаҳои орзўямро дили зорам начидаст, Ғунчаҳои орзўям
Зери барфи ҷовиди мўи сафед аст…


Шитоби об бидидам
Ба ҷодаи дарё;
Ба базми умр шудам ҳушёр Зи бодаи дарё;
Чини ҷабини хеш шумурдам Дар оинаи ҷабини кушодаи дарё; Фитоданам пеши пои ёр ба ёд омад Зи мавҷи пеши пои соҳил фитодаи дарё…
Дар зодрўзи Ҷаҳонгир35 …Он шом Ман марги бетаваллуди туро гириста будам, Ин субҳ
Аз таваллуди бемарги ту хандонам.
Таваллудат муборак, падар!
Ҷаҳони мо бузург нест,
Ҷаҳони мо
Дар тангтарин синаҳо ҳам мегунҷад, Ҷаҳони мо Дил аст
Ва ҷаҳонгирии мо – ба даст овардани Дил.
Чашми кўчаро серӣ мабод аз тамошоят, Гўши кўча саршор бод аз хуш садоят, Фарш ошнои поят бод сад сол, Арш – ҳамрози сарат, эй хушбол!
Чашмҳои меҳрубон умре нахустнабераам- ҳамноми падарам.
Чашмаҳои обрўят бод!
Савти шоди ҷўйҳои навбаҳорон Ҷовидона дар гулўят бод!


Дил буд Сулаймони ману Осафи ман, Дар разми ҳаёт бовафо ҳамсафи ман.
Рўзе, ки зи каф маро раҳо кард ҷаҳон, Худ дид, ки нест ғайри дил дар кафи ман.
Охир
Аё ҳақ,
Ҳамчу ҳарфи сарди нодилрас Ту то чанд
Аз шиоре бар шиорам мебарӣ, охир?
Ва ё
Ҳамчун аналҳақ
Зери дорам мебарӣ охир?..
Мушкилосон
Худро ба раҳи нафс кай афтода кунам, Ин мушкили хешро басо сода кунам:
Бо рўғани хуни хеш аз лахти ҷигар Дар оташи дил кабоб омода кунам!
Бе дил
Ҳама дардам, ҳама дардам, Ҳама танҳо, ҳама фардам, Бо ҳама сўз, ки дорам,
Дили зорам, дили сардам.
Сўи дил роҳ набурдам,
Ғами дил ҳеҷ нахўрдам,
Алами дил нашумурдам,
Бе баҳораш рухи зардам!
Ғами ман ҳарфу сухан буд, На ғами дил, ғами фан буд, Ҷумла номардии ман буд
Он ҳама бо дили мардам.
Киштие буд хуҷаста,
Ба гили умр нишаста,
Оқибат монд шикаста…
Бо дили зор чи кардам?
Буда бе ҳамдамии дил
Зиндагӣ мурдани мушкил,
Дур аз ў коҳаму коҳил,
Балки барбод чу гардам!
Қисмат, эй ёри дилогоҳ,
Хоҳам аз ту раҳи дилхоҳ:
Сўи он раҳзани ҳамроҳ
Бикунӣ роҳнавардам.

пешина
аз 235
навбатӣ