Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шодиву ғамро пайваста ҷанг аст, Дунёи шодӣ чун саҳна танг аст, Як лаҳза бо ғам мо ҷанг кардем, Бо ханда ғамро дилтанг кардем!
Ёрони хандон,
Мо – бандаҳотон,
Дилгарм гаштем аз хандаҳотон!
Шуд гарчи охир ин маҳфили мо, Пайваста бодо базми дили мо!
Хоҳем аз ҷон: бошед шодо, Бахти шуморо охир мабодо!
Хоҳам шуморо дар чашм аз ҷон Нуру зиёи тобандаи хуш,
Хоҳам ман аз ҷон, эй меҳрубонон, Ҳар дам шуморо дилхандаи хуш!
Бар зиндагонӣ то дил бубандем, Бояд бихандем, бояд бихандем!
Бар он бихандем,
Бар ин бихандем,
Беғаш бихандем,
Бекин бихандем!
Бар ин бихандем,
Бар он бихандем,
Аз дил бихандем,
Аз ҷон бихандем!
Эй Соли нав…
Ҳар сол бо тарзи куҳан, эй Соли нав, эй Соли нав, Дилдода моро мекунӣ дилдодаи сад фоли нав.
Бишкаста бо дасти замон сад боли моро беамон, Моро бимонӣ боз ҳам уммедвори боли нав.
Бешу кам аз соли куҳан бад гашт ҳоли мову ман, Шав ҳолдон, эй соли нав, бахшой моро ҳоли нав!
Соли куҳан дар рўи мо шуд нав ба нав ожангҳо, Бар чеҳраи тақдири мо бахшо хати нав, холи нав!
Кун сархамонро сарфароз, муҳтоҷҳоро бениёз, Ҳам аз алифқадҳо макун ҳар лаҳзае як доли нав!
Бар мулки зери борҳо афзун бидеҳ ғамхорҳо, Онро мадеҳ сарбори нав, манмо пур аз ҳаммоли нав!
Бар оли сомонҷўи мо аз Оли Сомон мужда деҳ, Бар мулки сомонхоҳи мо сомон бубахшу оли нав.
Мондаст аз ганҷи куҳан як меҳри дил бар мову ман, Аз мо ту онро бармакан, эй Соли нав, эй Соли нав!


Бишав оина, эй дил, даъвии оин чаро бояд?
Чу нашносӣ Худоро, пеша роҳи дин чаро бояд?
Ба он ҷое, ки бо тамкин тавон роҳи сафо паймуд, Зи рўи кинахоҳӣ пеша роҳи кин чаро бояд?
Агар дар асптозиӣ пиёда, эй дили сода, Ба думболи ҳавасҳо фикри аспу зин чаро бояд?
Агар парвои ону ин надорӣ дар ниҳоди хеш, Чаро бояд хаёли он, хаёли ин чаро бояд?
Агар андар дилат аз ҷавҳари мардӣ нишоне нест, Камарбанди туро ин ханҷари чўбин чаро бояд?
Агар парвонаи моҳи заминӣ нестӣ, эй дил, Сухан аз меҳри Моҳу Зуҳраву Парвин чаро бояд?!
Дар ҷангал
Зиндагӣ ҷангали зебое буд, Ки аз он зуд гузаштем,
Ки аз он зуд гузаштему пушаймон мондем, Кош, монанди дарахтон
Ҷовидон реша дар он мерондем!
Қиссаи анҷом
Ман аз оғоз хуб фаҳмидам:
Сода будаст қиссаи анҷом – Ё зи шоме намерасам то субҳ, Ё зи субҳе намерасам то шом.


Вақте ки мо гузаштем
Аз дори дунё, 1994 Бигзор, монад ин рўд,
Ин кўҳу саҳро.
Бигзор, монад ин боғ,
Хуш бод ҳолаш –
Бо сад асои фардо –
Бо сад ниҳолаш.
Бигзор, монад ин роҳ
Бо раҳравонаш -
Бо пири раҳнамояш,
Бо навҷавонаш.
Тифле равад шитобон
Бар сўи мактаб.
Марде бисўзад аз ишқ
Пуртобу пуртаб.
Аз обхези рўдаш
Ово бимонад,
Санги сари раҳи сел
Барҷо бимонад.
Дар дидаҳо дурахшад
Ашке чу тилло,
Вақте ки мо гузаштем
Аз дори дунё…
Одамо!
Умри мо мегузарад,
Бехатову бахато мегузарад, Бенишону банишон мегузарад, Норавон асту равон мегузарад.
Одамо!
Баъди ту дар ин дунё
Кай сарафкандагиву сарвариат мемонад?!
Одамо!
Баъди ту дар ин дунё
Фақат одамгариат мемонад!
Бикушо чашми дилат:
Оқибат кохи ту вайрона шавад, Ошноят ҳама бегона шавад, Мурғи озоди дилатро охир
Боғи ту дом шавад, дона шавад.
Одамо!
Баъди ту дар ин дунё
Кай сарафкандагиву сарвариат мемонад?!

пешина
аз 235
навбатӣ