Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бари як лабшакар шинем, рўзу шаб шакар бинем,
Ҳама ширини дунёро зи умри талх бистонем.
Биё, ҳамчун гияҳ пеши баҳори сабз бархезем,
Биё, дилро чу нахле дар баҳори сабз биншонем.
Кунем аз ҷону дил кўчат ҳазорон гул ба боғи гил,
Ҳама гулҳои хушгилро ба боғи дил бикўчонем.
Биё, хуршедро ҷои дил андар сина ҷо бидҳем,
Хазонрову зимистонро зи ҷону дил биафшонем.
Зи ҳар як муғчаву ҳар ғунча дилгармӣ биомўзем,
Дилу ҷонро зи дилсардиву нашкуфтан гурезонем.
Биё, бар шеъри бемисли табиат саҷда бинмоем,
Нагўем аз сари мардӣ, ки мо инем, мо онем.
Биафшонем садҳо дони меҳр андар дилу ҷонҳо,
Яке хирман зи ҳар як дони меҳри дил бирўёнем.
Чу хоҳад буд рўзе гўшамон гўри хамўшиҳо,
Дар он имрўз тухми нағмаи булбул бисабзонем!


Баҳоратон баҳор бод!
Баҳори бобарор бод!
Пур аз сафои ишқ бод,
Пур аз вафои ёр бод!
Пур аз навои чанг бод,
Пур аз садои тор бод!
Ҳазор гул ба боғатон,
Ҳазор ҳам ҳазор бод!
Нигоҳи пурнигоратон
Ба чеҳраи нигор бод!
Тарс
Нест тарсам аз марг,
Н-ояд аз марг бадам.
Тарсам аз зиндагӣ аст,
Оқибат мекушадам!

Човандози пир
Дар ҷаҳон
Чизе надошт
Ҷуз як зани беасл
Ва як зини беасп.
Зини беаспашро
Аз зани беаслаш
Дўсттар медошт.
Қасидаи ханда
Ёрон, чи бошад ин пургуноҳӣ –
Дар рў сафедӣ, дар дил сиёҳӣ?
Бошем якрў чун субҳи содиқ
Бар рўз лоиқ,
бар нур лоиқ!
Бар зиндагонӣ то дил бубандем,
Бо ҳам бихандем,
беғам бихандем,
Бар ин бихандем,
бар он бихандем,
Аз дил бихандем,
аз ҷон бихандем!
Оинадорем,
Оинадорем,
Оинаи дил дар сина дорем,
Оинаи мост аз ханда рўшан,
Чун дидаи ту,
Чун дидаи ман.
То ин ки дунё пурханда бошад,
Хуршеди ханда тобанда бошад,
Бар хандаи хуш дил банда бошад,
Ғам пеши ханда шарманда бошад,
Бар худ бихандем,
Бар дигарон ҳам,
Бар хокдон ҳам,
Бар Каҳкашон ҳам,
Бар он бихандем,
Бар ин бихандем,
Беғаш бихандем,
Бекин бихандем!
Оина ёре бекина бошад,
Ҳақгўи дерин оина бошад,
Гар айби моро бар мо намояд,
Тундӣ набояд,
Тундӣ нашояд!
Овардам, инак, оинаи хеш,
Як лаҳза онро монед дар пеш,
Бинед худро,
Бинед моро,
Покиза доред оинаҳоро!
Бар айбҳомон хандем агар мо,
Оина чандон гардад мусаффо,
Бо ханда беғаш,
Бо ханда зебост,
Хокистари он дилхандаи мост.
Бар худ бихандем,
Бар дигарон ҳам,
Бар хокдон ҳам,
Бар Каҳкашон ҳам,
Бар ин бихандем,
Бар он бихандем,
Аз дил бихандем,
Аз ҷон бихандем!
Дунёст саҳна, саҳна-ст дунё,
Бозигаронаш – умре ману мо,
Ин бозӣ, эй кош, шодӣ физояд,
Дарҳои дилро бар мо кушояд!
Ҳар гуна нақше дар он бибозем,
Ҳар гуна хоҳем, онро бисозем.
Гирён мабодо аз мо замона,
Бояд вай аз мо хандон бимонад!
То кай асири чунему чандем?
То чанд банди макрему фандем?
Бар зиндагонӣ то дил бубандем,
Бояд бихандем,
бояд бихандем!
Бар ин бихандем,
бар он бихандем,
Аз дил бихандем,
аз ҷон бихандем!
Бе дар ба дунё манзил набошад,
Як дар кушодан мушкил набошад,
З-он пеш бояд дилро кушоем,
Бар рўи ёрон дунё кушоем,
Дилро кушоем, дилро набандем,
Дилхуш бихандем, беғаш бихандем!
Ёрони ҳамдил,
Ёрони ҳамроз,
Чизе шуд оғоз, охир шавад боз,
Охир шуд, инак, ин маҳфили мо,
Пайваста бодо базми дили мо.
Дар зиндагонӣ то метавонед,
Ин сон, ки ҳастед, ин сон бимонед,
Гулҳои ханда бар ҳам бипошед,
Монанди гулҳо бишкуфта бошед!

пешина
аз 235
навбатӣ