Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Нарх озод шуд…
Нарх озод шуду ман нашудам,
Фитна бунёд шуду ман нашудам.
Роҳ бурдам ба сари минбари вақт,
Нутқ эрод шуду ман нашудам.
Дар дилам тантанаҳо барпо кард,
Ғами ман шод шуду ман нашудам.
Дар ҳама базми ба зоҳир некў
Бади ман ёд шуду ман нашудам.
Ҳама вайронаи вайронаҷаҳон
Аз ман обод шуду ман нашудам.
Оташу оби ман охир шуд хок,
Хоки ман бод шуду ман нашудам.
Аҳли фарҳангем...
Ба хотираи Вазири фарҳангии фарҳанг
Абдураҳим Раҳимов
Хастаи роҳем, ҳар фарсанг моро мекушад,
Бастаи номем, фикри нанг моро мекушад.
Дар сари мо буда гардон сахту нарми зиндагӣ,
Шишадилҳоем, қалби санг моро мекушад.
Зиндагӣ якранг буду монд якранг ончунон,
Вой аз ин якранг, бо сад ранг моро мекушад!
Гашта дар ҳар маҳфиле оҳанги худхоҳӣ баланд,
Эй муғаннӣ, охир ин оҳанг моро мекушад!
Сурхии рўи ману мо сурхрўӣ аз куҷост? –
Ранг мебозем, чун найранг моро мекушад.
Нест саҳрои диле, фарёд то аз ҷон кунем:
Дилкушодем, ин муҳити танг моро мекушад!
Қисмати худро ба зери чарх медонем мо:
Аҳли фарҳангем, бефарҳанг моро мекушад...
Дарди ном
Дарди ному дарди нангам мекушад,
Дилкушодам, чашмтангам мекушад.
Ман, ки ботинсоф ҳамчун шишаам,
Дасти беинсофи сангам мекушад.
Ранг мебозам зи макри зумрае,
Бозии берўи рангам мекушад.
Орзўи авҷи фарҳанги Фаранг,
Қаъри тақлиди Фарангам мекушад.
Бонги ман сўи ҷаҳон беҳуда нест -
Бонгҳои аҳли бангам мекушад.
Мекушад рухбозии кўрам гаҳе,
Гаҳ хироми пои лангам мекушад.
Ман китоби рафтаам аз ёдҳо,
Ин гарониҳои чангам мекушад.
То паланг ангоштам ҳар песаро,
Кам-кам ин тарси палангам мекушад.
Омадан дер асту баргаштан чи зуд,
Ин шитобу ин дирангам мекушад.
Мекунам дунёи садранге бино,
То ки ин даҳри дурангам мекушад!
Одат
Дар гулистони ҷаҳон бо хор одат кардаам,
Буда беозору бо озор одат кардаам.
Чорасозӣ кардаам якчанд андар орзў,
Гарчи бо бечорагӣ ночор одат кардаам.
Такябардеворҳоро дидаам нотакягир,
Рафтаву бо суҳбати девор одат кардаам.
Хушктабъам дигар аз бозоргониҳои давр,
Ман, ки бо шеъри тари Бозор одат кардаам.
Дида афзун ёрии ағёру ағёрии ёр,
Бо хаёли ёр бо ноёр одат кардаам.
Ҳалқи Мансурам, ки чун чарби аналҳақ хўрдаам,
Дар мадори зиндагӣ бо дор одат кардаам.
Аз амалҳои ҷаҳон дигар хушу нохуш наям,
Бо баду некаш дигар бисёр одат кардаам.
Рози ин даҳр
Ин ҷаҳон аст чароғ,
Ғаму дардаш – карасин,
Ману ту пилтаи онем –
Рози ин даҳр ҳамин асту ҳамин.
бисўзем дарозу кўтаҳ.
Футбол
Бо ҷадалҳо аз қафои тўб метозанд,
Ҳарду ҷониб хуб мебозанд.
Мефиристад тўбро Ғам сўи Андўҳ,
Сўи Ғусса мезанад Андўҳи чун кўҳ,
Ғусса мепартоядаш бар сўи Хорӣ,
Хориаш меафканад бар сўи Зорӣ.
Тўбро дар ҳар каноре интизоранд
Дарду Доғу Ҳасрату Шарму Хиҷолат,
Хуллас, аз ҳар сў пайиҳам мехўрад лат.
Зумрае з-ин манзара шоданду мамнун,
Зумрае – як зарра маҳзун.
Ман фақат дилхун аз ин бозии «хубам»,
Чунки ман…
Тўбам.
Ғариб
Мо шабнами пок будаву туф шудаем,
Ғурбат будааст чоҳ, Юсуф шудаем.
Монанди гули барангубў буд Ватан,
Мо гарди гулему дар ҳаво пуф шудаем.
Гумхона
Дунё яке гумхона аст, афзун нигар гумкардаро,
Гирӣ назар чун аз яке, бинӣ дигар гумкардаро.
Ин сад падаргумкардаро сад гуна таскин медиҳӣ,
Мушкил, ки як таскин диҳӣ он як писаргумкардаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё