Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Эй шаҳ Фаридун, то абад таскин надорад дарди ту, Се сар ба паҳлў гиря кун се ҷисми саргумкардаро.
Дар хушку тар гаштам фузун, бо пову сар гаштам фузун, Бо чашми сар кам дидаам ман чашми таргумкардаро.
Дар шоми қисмат ҳар киро моҳи умедаш гум шавад, Монад ба чашмаш зиндагӣ шоми қамаргумкардаро.
Субҳе, ки дунёро ба бар пероҳан ояд аз ғубор, Аз ғусса мемонад дилам шамси саҳаргумкардаро.
Роҳисафаргумкардаро роҳе дигар ояд зи пеш, Роҳе набошад ҷуз адам роҳиназаргумкардаро.
Аз файзи болу пар задан мурғи қафас огоҳ нест, Эй дил, ба маънӣ як бидон бандиву паргумкардаро.
Сад чашм дорад ин ҷаҳон, аз диданаш ғофил намон, Чашми тиреза бингарад аҳволи даргумкардаро.
Ҳар кас зи ҳоли ҳамдилон огоҳ шуд, яксон шумурд Бо баҳрубаргумкардае ёре зи бар гумкардаро.
Нахле агар шуд решакан, аз барги сабзаш суд нест, Тоҷу нигин ёвар нашуд шоҳони фаргумкардаро.
Пуштбон Шуста дил аз пушту рўи ин ҷаҳон, Буд умре пуштбони хонадон, Пуштаеро пуштбони мо намуд Ў, ки умре буд моро пуштбон.
Дар дилаш аз қисмати мо фолҳо, Бар лабаш аз тобу таб табхолҳо, Рафт бе чангу ғубор аз роҳи деҳ, Бар сараш чангу ғубори солҳо.
Дар ҷабинаш - печу тоби зиндагӣ, Чину ожангаш – китоби зиндагӣ, Ташнаҷони модарам дилташна рафт, Дар ду чашм обу сароби зиндагӣ.
Буд ўро мў сафеду дил сафед, Кулбааш аз хоку аз каҳгил сафед.
Мўи ў дар тобу печи зиндагӣ Гашта буд аз печу тоби дил сафед.
Рафтаву дар пуштае манзил намуд, Ихтиёри кулбаи навгил намуд.
Андаруни сина доғи лола дошт, Пуштаро аз лола доғи дил намуд.
Кўзаи пушташ пур аз зардобҳо, Косаи чашмаш пур аз дардобҳо, Аз ҳама шабҳои бехобӣ кунун Меситонад қарзу қасди хобҳо.
Аввалин озори ҷони мо намуд, Навбаҳоронро хазони мо намуд.
Буд моро ҷовидонӣ пуштбон, Пуштаеро пуштбони мо намуд.
Зинда аст ў дар сириштам баъд аз ин, Монад ў дар сарнавиштам баъд аз ин.
Зинда мемонам мани бепуштбон Пуштаи гўраш ба пуштам баъд аз ин.
Доғи Айём Дар соли бародари бузургам Айёмиддин То дидаи маро ба рухи даҳри безавол висол аст, Ҳар гоҳи сол баҳри мани лол аз дигар сари сол аст.
Эй ҷони рафта аз бадану дар мағоки ман, Резад ба хоки тираи ту ашки поки ман.
То аз туям бадард буридаст ин ҷаҳон, Резад чу ток ашки ҷудоӣ маро зи ҷон.
Даҳ сол бигзарад, Сад сол бигзарад, Дар пушти пуштаи ту, аё дарди ҷони ман, Ман низ пуштае шавам, эй пуштибони ман.
Даҳ сол бигзарад, Сад сол бигзарад Ва дар он водии хамўш Ҳар кас, ки ҳамчу сол бар он хок бигзарад, Бинад, ки лолаҳош ба бар чокдоман аст, Яъне, ки доғҳои ту дар хок бо ман аст.
Дар пушти ин акс (Акси қадиме, ки дар он Бозор Собир ба банда менигараду банда ба ў ва ҳарду беғам механдем) Эй ки аз рўзи азал бо дили мо пайвандӣ, Мо чи кардем, ки пайванди азалро кандӣ?
Чанду чун рафт басо аз сари мову дили мо, Чунӣ, эй назди дилу дур зи ҳамдил чандӣ?
Мо фани шеъри ту хондему бихонем ҳанўз, Дода дилро ба ҳамон пурфаниву бефандӣ.
Нест ҷуз дурии зоҳир зи Ватан дурии ту, Дар дили туст зи мо беш ғами фарзандӣ.
Меписандӣ ту ба худ маънии бегона фақат, Мулки бегона, яқин аст, ба худ мапсандӣ.
Офтобиву ҳама дам паси девори фироқ Меравӣ аз назару роҳи назар мебандӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё