Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гиряам омадаву ҷониби ту механдам,
Гиряат омадаву ҷониби ман механдӣ…
Биё
Боғи дил ҳам гул кунад то боз, эй ҳамгил, биё,
Хушксорам зад ба ҷон, эй мавсими ҳосил, биё.
То биёяд ҷону дил андар канори ман, марав,
Хидмати тан мекушад охир маро, эй дил, биё.
Даступо то чанд бояд зад ба дарёи вуҷуд,
Даст деҳ, инак, маро, подор эй соҳил, биё.
Оқили девона афзун гашту дунё шуд хароб,
Бар хароботи дил, эй девонаи оқил, биё.
Ҷон куҷо, дил чист, бе ту кай маро ояд ба ёд,
Ҷон туиву дил туӣ, эй ҷон, биё, эй дил, биё.
Эй зи дунё беҳ, ту дунёӣ, дили мо – заррае,
Аз барои ин дили ноқис, аё комил, биё.
Сўи сарҷамъӣ, аё эй шамъ, рўшан кун раҳе,
Эй сари пурнур, эй сарҷамъии маҳфил, биё.
Чун Сулаймонро зи даст ангуштари иқбол рафт,
Тунд рав, эй рўзи сиву бист, рўзи чил, биё.
Интизори зинда гаштан мекушад охир маро,
Сури Исрофили ман, эй зиндасози дил, биё.
Бобои Балогардон
Ҳастӣ дили ҷовидон, Бобои Балогардон,
Дар синаи кўҳистон, Бобои Балогардон.
Қибла-ст зи мо пинҳон, чун рўи Худо пинҳон,
Эй қиблаи нопинҳон, Бобои Балогардон.
Ту шамсиву мо анҷум, ту Хоҷаву мо мардум,
Аз хокиву дар кайҳон, Бобои Балогардон.
Мушкил зи ту бигсастан, осон ба ту пайвастан,
Эй мушкилу эй осон, Бобои Балогардон.
Марди сари роҳӣ ту, машғули нигоҳӣ ту,
Моро зи нигаҳ н-афтон, Бобои Балогардон.
Худро чу наёбад кас, сўи ту шитобад кас,
Қутби ҳама худкобон, Бобои Балогардон.
Ҳар лаҳза бало ояд, аз хоку само ояд,
Аз мо ҳамаро гардон, Бобои Балогардон.
Ҳар кас башитоб ояд, вайрону хароб ояд,
Як лаҳза варо истон, Бобои Балогардон,
Бар гўр ишорат кун, сад рамз иморат кун,
Пешат ту варо биншон, Бобои Балогардон.
Ин мазраи гулшанро, ҷону дили рўшанро
Пурнур бидор ин сон, Бобои Балогардон!
Маҳҷури меҳр
Кардам гуноҳ аввалу охир гуноҳ низ,
Аз кардаам фиғону зи нокарда оҳ низ.
Бо моҳи бахти хеш чу номеҳрубон шудам,
Маҳҷури меҳр гаштаму маҳҷури моҳ низ.
Бедаступой мондаму ангуштхой ҳам,
Зери кулоҳ не сару бар сар кулоҳ низ.
Мўям сафед шуд зи ғами як сиёҳмўй,
Як рўсафед кард маро рўсиёҳ низ.
Боке дигар зи гургбародар маро намонд,
Чун авҷи ҷоҳ буд маро қаъри чоҳ низ.
Коҳе ба дида мондаму дидам, ки мўр дошт,
Ҷустам мадад зи мўри мададҷў зи коҳ низ.
Хорӣ дилам зи мардуми номеҳрубон кашид,
Меҳрам фузуд бар гулу мардумгиёҳ низ.
Чун мо касе ба авҷи қаноат кашид сар,
Шуд Роҳи Каҳкашон ба таҳи пош роҳ низ.
Додам паноҳгоҳ ба дил сад умедро,
Мондам ба роҳи умри дилам бепаноҳ низ.
Сабзқалам
Дидам туро ба дасти тавоно чу мўқалам,
Ҳар тори мў маро шуда дар орзў қалам.
Маънӣ басо кашида ту бориктар зи мў,
Бориктар зи мўй кунад гуфтугў қалам.
Бо ҷумла ранг аз пайи рангин хаёли ту
Бо сар давон бувад ба раҳи ҷустуҷў қалам.
Дар рўи сурхи ҳар варақ ашки қалам бубин,
Бообрў варақ зи ту, бообрў қалам.
Бобе зи боғи сабзи ҳунар буда ҳар варақ,
Нахлест ҷовидона ба нашъунумў қалам.
Бар тоқату ба сабри қалам офарин бигў,
Ин бори санг мебарад аз кў ба кў қалам!
Чандон ки ашкҳои алам мекунад нисор,
Дорад чи гиряҳои гиреҳ дар гулў қалам.
Аз пасту аз баланди ҷаҳон хуб огаҳед,
Эй сарфаро қаламкашу эй сарфурў қалам!
Эй сурхрўю сабзқалам, ёри мўқалам,
Сарсабзӣ аз ту боз барад сў ба сў қалам…

пешина
аз 235
навбатӣ