Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

То ў ба ҷаҳон магар майу ҷом набуд,
Айём буду хаёли айём набуд,
Оғоз набуд, фикри анҷом набуд…
Инҳо ҳама буд, лек Хайём набуд!
Эй рўд, равонию равонию равон,
Эй умр, давонию давонию давон,
Эй пирҷаҳон, ҷавонкушӣ шеваи туст,
Худ лек ҷавонию ҷавонию ҷавон.
Имрўз мақоми рангу бў яксон аст.
Андозаи оқилу галў яксон аст.
Чашмам пури об мешавад ногаҳу гаҳ
Аз ғусса, ки обу обрў яксон аст.
Аз хеш гузар, гузар зи хешон кӣ кунад?
Дил дар раҳи ин ҷамъи парешон кӣ кунад?
Дар фикру хаёли тахту тоҷанд ҳама,
Андешаи тоҷи Тоҷикистон кӣ кунад?
Бе дар пайи тадбири диёре будан
Мушкил набувад мири диёре будан.
Бояд чу раги касал ба дасти Сино
Бар каф раги тақдири диёре будан!
Ҷуз оҳу фиғони мо ба кайҳон нарасид,
Ҷуз ҳасрати қалби мо ба кайҳон натапид,
Бисёр парид чашми мо, лек, дареғ,
Ҷуз мурғаки рўҳи мо ба кайҳон напарид.
Эй дидаи сер, кун зи оз озодам,
Эй боди сар, аз дигар мадеҳ барбодам,
Дерест, ки чор рукни ман вайрон аст,
Эй бахт, расон ҳавои Рукнободам!
Ширинии дарди мо чу дар қанде нест,
Боке набувад, ба хон агар қанде нест,
Гар ори бухориву самарқандӣ ҳаст,
Ғам не, ки Бухорову Самарқанде нест!
Мо пир шудему ишқи мо пир нашуд,
Мо сер шудему чашми мо сер нашуд,
Мо аз гунаҳу хато батадбир шудем,
Эй войи дили мо, ки батадбир нашуд!
Дунёи талаб ҷуз инфиродӣ нашавад.
Ин чизи мураккаб асту оддӣ нашавад.
Он гуна, ки маҳви бесаводӣ кардем,
Мо маҳв шавему бесаводӣ нашавад!
Дар чашми булўр об дорад чашма,
Дар чашми кабуд хоб дорад чашма,
Ин сатри равону варақи санг бубин –
Дар дил ҳаваси китоб дорад чашма!
Мо фикри беҳии кору афкор кунем,
Озор кашему фикри осор кунем,
Пайваста ба сўи хеш овоз диҳем,
Худро ба садои хеш бедор кунем.
Гар кўрдилӣ, зи кўрии роҳ манол,
Нозўрдилӣ, зи зўрии роҳ манол,
Эй он ки ба ранҷи роҳҷўён қадаре
Наздик наӣ, зи дурии роҳ манол!
Эй дил, ба замони хеш бевасл наафт,
Чун лолахасак дар раҳи ҳар фасл наафт,
Аз даҳр бирав, валек аз хеш марав,
Аз асп биафт, лек аз асл наафт!
Як умр ба зери сояи худ будам,
То боми камол пояи худ будам,
Ангушти қаноатам беҳ аз пистон буд,
Яъне, ҳама умр дояи худ будам.
Халқон ба раҳи мурод кай чун моянд,
Кайҳо ҳама озими раҳи фардоянд.
То мову ту мекунем алҳамд зи бар,
Баргашта дигар касон зи ҳаҷ меоянд.
Мо хастаи орзўи бисёри худем,
Гумгаштаи ҷустуҷўи бисёри худем,
Монандаи офтоб аз гардиши чарх
Дар хуни дил аз тулўи бисёри худем.
Эй дўст, тамоми дўстат ҷонӣ бод!
По бар ҳама раҳ монӣ, раҳмонӣ бод!
Қимат шуда арзону гарони дунё,
Қимат зи ҳама – бахти ту арзонӣ бод!
Дар умр туӣ каму зиёди дили ман,
Пайваста туӣ басту кушоди дили ман,
Ҳар гаҳ, ки зи бедоди ҷаҳон дилгирам,
Эй шеър, ту мерасӣ ба доди дили ман!
Омин
То дар амон бошад Ватан, эй ҳамдилон, омин кунед.
Хушдил шавад то марду зан, эй ҳамдилон, омин кунед.
Бошад зи ҷамъи мо ҷудо ҳар бехуду ҳар бехудо,
Бехор бошад то чаман, эй ҳамдилон, омин кунед.
То булбули шўридадил дигар набошад по ба гил,
Бар мурдани зоғу заған, эй ҳамдилон, омин кунед.
То аз накўномии мо бошад азизу авлиё
Осуда дар гўру кафан, эй ҳамдилон, омин кунед.
То соф бошад осмон, инсоф бошад дар ҷаҳон,
То пок бошад ҷону тан, эй ҳамдилон, омин кунед.

пешина
аз 235
навбатӣ