Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дар курсии ҷоҳ
Юсуф, ки баҳри ҷоҳ Худош офарида буд, Аз қаъри чоҳ раставу бар авҷи ҷоҳ рафт.
Дар шикоятномаи мардум Мардумо, баъд аз ин магў дигар:
«Ғами моро намехурад ҳукумат!»
Ишкаму рўяшон бубин беҳтар – Ғами мардум ҳамехуранд фақат!
Дар шамъи хонаи марҳум Шамъ буд ў, хонаи ў – шамъдон, Шамъдонро баъд аз ин бе шамъ дон.
Дар гаҳвора
Роҳатфизо наӣ чу накў гоҳвора, лек Эй зиндагӣ, ту бахти маро хоб кардаӣ!
Дар девори бемористон Афсуни ду чашми ёр мемонаду бас, Афсонаи рўзгор мемонаду бас, Аз сактаву аз фишори қисмат моро Дилсактаву дилфишор мемонаду бас.
Дар дарвозаи гўристон Гоҳе ҳама комёбу гоҳе ноком, Гаҳ дом ниҳему гоҳ бошем ба дом.
Як умр ҳаром карда хоби ҳамро, Охир таҳи хоки тар бихобем ором.
Дар «Шоҳнома»
Омода лаби хирад ба побўсии туст, Дар даст китоби шоири тўсии туст, Фирдавси ҳама замон туӣ, шеъри Аҷам, Фирдавсии ҷовидона Фирдавсии туст!
Санги шарар
(Рубоиҳо)
Аз ор ба зери бори дунё мондем.
Дар панҷаи панҷу чори дунё мондем.
Болидаи аз канори модар рафтем, Нолидаи дар канори дунё мондем.
Эй чашма, чу чашмат ба раҳи во шудан аст, Чун чашм ба ҳоли ашкполо шудан аст, Донӣ ту зи теғи мавҷу дори гирдоб, Чун дар дилат орзўи дарё шудан аст?
Аз обу сароби мо гунаҳ меҷўянд.
Аз сабру шитоби мо гунаҳ меҷўянд, Ин ҳол бубин, ки даргунаҳгумшудагон Ҳатто зи савоби мо гунаҳ меҷўянд!
Андешаи деру зуд кардӣ, дили ман.
Ғавғои набуду буд кардӣ, дили ман, Чанде чу чароғ дуд кардӣ, дили ман.
Аз сўхтанат чи суд кардӣ, дили ман?
Мо шўру қиёми зиндагӣ афзудем, Бар назму низоми зиндагӣ афзудем, Гар ном зи мо намонд, боке набувад, Чун ном ба номи зиндагӣ афзудем.
Дар синаи хеш шўри дарё дорам.
Дар дидаи хеш нури дарё дорам.
Хокияму бодиям магўед, ки ман Дарёдиламу ғурури дарё дорам.
Рўз аст сарам бори парешонии худ, Шом аст ба зери бори нодонии худ.
Ҳар лаҳза ба чашми рўшани оина Хонам хати афзудаи пешонии худ.
Умре гузарӣ зи хеш бахши дигарон, Дилгарм бигардӣ аз дурахши дигарон, Эй зодаи кўҳсор, чун санги шарор Сарди худиву шарорбахши дигарон.
Аз ганҷи фузун ғами зиёдат монда, Аз Ҷоми Ҷамат на бода, бодат монда, Эй миллати ман, аз он кушодии ҷаҳон Имрўз фақат дили кушодат монда.
Чун санги шарор пуршарар мемирам, Чун лола ба сад хуни ҷигар мемирам, Бо як сари танҳо ба набарди баду нек Бо бесари даҳр сарбасар мемирам.
Бар ман раҳи сўхтан кушудӣ, эй шамъ.
Якчанд ба сўзи ман фузудӣ, эй шамъ, Баъди ту чи гуна рўшанаш хоҳам дошт Он гўша, ки рўшанаш намудӣ, эй шамъ?
Ҳар чиз, ки ғарқа шуд ба хун, дил набувад, Ҳар чиз, ки дил занад фузун, дил набувад, Дил чист, надонаму бидонам зи бурун:
Ҳар чиз, ки сўзад андарун, дил набувад…
Чун санги шарар будам, шарорам бигузашт, Нашкуфта гули дилам, баҳорам бигузашт, Ҳайратзадаам, ки аз дари рўзии танг Рўзам нагузашту рўзгорам бигузашт!
Сад шохаи гул шикасту бўе нашикаст, Сад дил бишикасту орзўе нашикаст.
Эй ақл, ту арзу тўли пайванд бубин:
Сад косаи сар шикасту мўе нашикаст!
Оинаи беғубор дорад дарё, Ҷону дили беқарор дорад дарё, Ҳар ҷо, ки равад, гарди хазон мешўяд, Бо мавҷи гулаш баҳор дорад дарё.
Булбул, ки зи рўи сабза шабнам бихурад, Аз бори навояш қади гул хам бихурад, Ман бо худу бо дил аз дигар аҳд кунам:
Ман ғам нахурам, бимон, ки ғам ғам бихурад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё