МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба пурсуҷӯ даромад. Дарёфт, ки кори Саққост. «Аҷаб ӯ ҷав кишта буд, чигуна гандум даравад?»
Дарвозайи Саққоро кӯфт:
– Ҷӯра, ту гандум корида будӣ ё ҷав?
– Ҷав.
– Пас чаро гандуми маро дурудӣ?
– Не волло, ҷави худро даравидам. Ана бинед.
– Он бандҳойи пушти бом гандум-ку?
– Не ҷав... Кӣ гуфт, ки ман гандуми туро даравидам?
– Дарав рафта будам. Дидам, ки гандум дуруда... Фаросот кардам, ки кори туст.
– Волло фаросоти ту ба ин чиз намерасад. Касе гуфтааст.
– Чӣ фарқ дорад?
– Чӣ хел чӣ фарқ дорад? Касе дар миён ҳаст, ки дӯстийи моро намехоҳад...
– Ин гапҳоро монед...
– Хуб. Ин гапҳоро мемонем. Агар ман гандуми туро надониста даравида бошам, ту раву ҷави маро дониста бидараву ба хонаат бибар. Ман рафта меорам, ту омада бибар...
– Хуб.
– Ва ман то он вақт муайян мекунам, ки хабаркаши муттаҳам кист?
Номвар ҷави Саққоро дуруда, банд-банд кашонд ва тори бом ғарам зад. Сонӣ ба дари Саққо омад:
– Ҷаватро дуруда омадам, рафта биёр. Ман гандумамро мебарам.
Саққо гуфт: «Ташвиши зиёд ба дилам задааст... Ҳамон ҷав аз они ту; бахшидам. Ман розӣ. Ту ҳам розӣ шав.
– Агар ин хел, биё зарбулмасалро дигар кунем.
– Чӣ хел?
– «Ҷав корӣ, гандум даравӣ, гандум корӣ – ҷав».
26.07.07.
ҶАЗЗА
Падар дунба реза карда дар дег андохт ва писарро фармуд:
«Ҳушёр бош, ки ҷазза насӯзад!»
Саққо пайдо шуд ва даст ба деги тафсон зада ҷазза бардошт. Ва дона-дона ба даҳон андохта бепарво хӯрда мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё