Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Писарак ҳайрон монд: «Чӣ хел дасту даҳонаш намесӯзад?» Ба худ омад ҷониби падар тохт: «Додо! Додо!»
– Ҳа! Ҷазза дуд кард?!
– Не! Амаки Саққо хӯрд!
– Саққо гӯшт хомохом мехӯраду, ҷаззайи бомаззаро мемонад?!

ГӮШТИ ХОМ
Бобо чашми рӯз накафида савори хари Сурх сӯйи кӯҳ баройи ҳезум мерафт. Заминро як парда шабнам пӯшида буд.
Шибоғу хорбуттаҳо яхбаста метофтанд. Пешопеш нақши наъли харе рафта, ки шабнам пур накардааст пайро.
«Саҳархезтар аз ман кӣ бошад? Ягон шикорчӣ будагист». Дар кӯҳтал хар вазни ӯро накашид. Пиёда шуд. Харро пешандоз карда ва уреброҳаро тоб хӯрда, ба тали ҳамвортар баромад.
Аз пайи наъл соҳиби молро муайян карданӣ шуд. Натавонист.
Рӯзномайи хунолуди маҷақ, ки боди сабо варақ гардонида, оварда дар хорбуттайи паҳлӯйи шахчайи сафед андармон кардааст, парешонҳол гардондаш. Ба сад кӯчаву тангкӯчайи хаёл рафта омад, ки молдузд ҳамин аст, ки пешопеш газета хондааст. Халачӯб зад ба паҳлӯйи рости думғозайи хар, то расонад дуздро. Сари баландӣ расид ва дар ҳамворийи он тараф, зери нури хирайи субҳдам сӯроби савореро дид, ки гӯйӣ хобаш бурда пушти хар майли пеш рафтан дорад. Вале маркабаш ба майлу ҳавойи пой сум мезанад.
Ҳаво рӯшантар мешуд ва хару савораш аёнтар: «Саққост?»
Хараш наздиктар омад ба дунболи хари ӯ ва бӯйид. Хари пеш тез шуд ва савор саҳл монд, ки афтад. Тарсид ғӯладинг ва гардан тофта ба пас нигаристанӣ шуд. Гарданаш тоб нахӯрд. Пуршаст дар пушти полон нимрӯя гашта, савори дунболагирро дидан хост. Бо силтаваш хар миён дуздонда бероҳа шуд. Саҳл монд, ки савор биафтад.
– Ҳа, Бобойӣ?
– Ҳа амак!
– Тарсондӣ, сулфӣ намешавад?
– Шумо тарсончак набудед-ку? Сояатон тунук шудаст магар?

пешина
аз 344
навбатӣ