Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

САЙЁД ВА ХИРС
Шикори ӯро ҳамдиёриён медонистанд. Вале ягон бор шикоят нанавишта буданд. Ин бор, ки хирсро зада омаду гӯшташро фурӯхт ва равғану заҳраашро гаронтар нарх монд, арза карданд; ба ҷойҳойи дахлдор шикоят рафт, ки Сайёд хирси дар китоби Сурхи Тоҷикистон даромадаро парронда, гӯшту пӯсту равғану талхаашро фурӯхт. Омаданд одамони кордон; дучор шуданд бо касони ҳолдон ва Сайёдро чор саду ҳафтод сум ҷарима бастанд. Дар он замон ин қадар пул доштан осон набуд. Сайёд чизе нагуфту рост ба назди шиносаш Насим рафт, ки дар бахши шиносномайи шӯъбайи корҳойи дохилийи ноҳия кор мекард.
– Сӣ сум меистад нархи ин кор...
Сайёд ном Шараф гирифт дар шиносномайи нав ва бепарво мегашт.
Рӯзе боз омаданд ҷарима бастаҳо ва Сайёдро доштанд.
– Ҷарима бидеҳ.
– Шумо киро ҷарима бастаед?
– Сайёдро.
– Ман Сайёд нестам.
– Пас ту кӣ ҳастӣ?
– Шараф.
– Ягон ҳуҷҷат дорӣ?
Ӯ шиноснома пешкаш кард: «Шараф Нисор. Миллаташ тоҷик...»
– Ин чӣ хел?
– Ҳамин хел. Касе, ки тӯҳмат навиштааст, ҷарима аз ӯ ситонед...
25.07.07.

ҶАВ КОРИДА БУДӢ Ё ГАНДУМ?
Номвар дар ҳамсоягийи Саққо дар доманайи теппайи Шоён гандум корида буд. Азбаски роҳбарони корчаллони хоҷагӣ ҳар сол киштгардон замин мефурӯхтанд деҳқонҳоро, Саққо киштайи хеш аз киштайи дигаронро фарқ намекард. Номвар гандум кошта буд, Саққо ҷав. Рӯзе Номвар ба дарав омад, ки гандумаш дуруда. Ҳайрон шуд. Ҷави Саққо қавра карда буд.

пешина
аз 344
навбатӣ